Низомҳои миллии назорати маҳсулоти хурокворӣ дар таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар тамоми занҷираи озуқаворӣ нақши муҳим мебозанд. Ҳар нафаре, ки дар занҷираи таъмини озуқаворӣ иштирок мекунад, аз мақомоти танзимкунанда, кишоварзон то коркардкунандагон, дистрибюторҳо, фурӯшандагон ва истеъмолкунандагон барои бехатарӣ ва сифати маҳсулоти озуқаворӣ масъулият ба зимма доранд.
Имрӯз дар Душанбе телеконфронс оид ба ҷузъиёти амалии татбиқи санҷишҳои маҳсулоти хурокворӣ ва мулоҳизаҳои амалӣ барои намунагирии асал ва зардолу ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ба анҷом расид. Ҳадафи чорабинӣ тақвияти низоми бехатарӣ ва назорати сифати маҳсулоти озуқаворӣ дарҶумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иштирокчиён Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои ҳифзи растанӣ ва кимиёкунонӣ ва растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) ва бахши хусусиро намояндагӣ мекарданд.
Иштирокчиён имконот пайдо карданд, ки оид ба ҷузъҳои асосии низомҳои миллӣ ва байналмилалии назорати маҳсулоти хурокворӣ ва аҳамияти низомҳои расмии назорат ва мониторинги истеҳсоли асал ва зардолу маълумот дастрас намоянд. Онҳо таҷрибаву донишҳои худро дар самти мукаммалгардонии бехатарии занҷираи таъмини маҳсулоти хӯрокворӣ ва тавсияҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ бо мақомоти миллӣ ва минтақавиро дар робита бо такмили низоми назорати сифати зардолу ва асал мубодила карданд.
«Амалисозии назорати маҳсулоти хурокворӣ дар низомҳои бехатарӣ ва назорати сифати маҳсулоти хурокворӣ мавқеи марказӣ дорад. Айни замон риоя намудани бехатарии озуқаворӣ дар тамоми занҷираи таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ ҷиҳати кафолати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои истеъмоли аҳолӣ инсон дар дохили кишвар, инчунин мутобиқат ба меъерҳои байналмилалии бехатарӣ барои воридотхеле таъхирнопазир ва муҳим аст. Дар ин робита, қоидаву тартиботҳои муассир ва самаранок ҳамчун унсурҳои марказии татбиқи низомҳои миллии назорати маҳсулоти озуқаворӣ баррасӣ мешаванд «гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.
Бехатарии озуқаворӣ ва назорати сифат пеш аз ҳама масъулияти истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти озуқаворӣ мебошад; онҳо аз фурӯши маҳсулоти худ манфиати иқтисодӣ ба даст меоранд. Ҳамзамон, ҷомеа ба ғизои бехатар ва солим ҳуқуқ дорад ва аз ин рӯ, ҳукуматҳо қонунҳоеро қабул мекунанд, ки ин ҳуқуқро ҳифз намоянд.
Қобили зикр аст, ки қаблан аз моҳи март то декабри соли 2020 ва аз январ то феврали соли 2021 ФАО як силсила телеконфронсҳоро оид ба истифодаи доруҳои байторӣ, таҳлили пурраи муқоисавии меъёрҳои бехатарӣ ва сифати маҳсулоти озуқаворӣ марбут ба асал ва зардолу, гурӯҳбандии хатарҳои муассисаҳои саноати хурокворӣ, ҷанбаҳои умумии банақшагирии санҷишҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайраро барои шарикони миллӣ дастрас намуда буд.
Телеконфронсҳо аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар доираи лоиҳаи » Таъмини дастрасии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозор тавассути низоми мукаммалгардидаи бехатарии озуқаворӣ,» ки дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии савдо амалӣ карда мешавад, гузаронида шуданд. Лоиҳа аз ҷониби Фонди таҳияи стандартҳо ва рушди савдо (ФТСРС) маблағгузорӣ карда мешавад.
Мақсади асосии лоиҳа дастгирии Тоҷикистон дар ҳалли якҷоя, институтсионалӣ ва меъёрӣ ҷиҳати беҳтар намудани заминаи қонунгузорӣ ва назорати расмии марбут ба бехатарии асал ва зардолу барои таъмини ғизои солим ва амнияти озуқаворӣ мебошад.
fao.org