Дар моҳи феврал корҳои агротехникӣ асосан дар гармхонаҳо гузаронида мешаванд. Агар хоҳед, ки зироатҳои сабзавотиро дар гармхона парвариш кунед, пас аз гармхонаҳои мавсимӣ истифода баред. Гармхонаҳои муосири калонҳаҷм хароҷоти калонро талаб мекунад, лекин ба он талабот ҳаст. Нархи сабзавот дар фаслҳои зимистону аввали баҳор баланд аст ва имконияти тез тайёр кардани сабзавоти барвақтӣ бо истифодаи гармхонаҳои мавсимӣ ҳаст.
Дар моҳи феврал тухми сабзавотҳо кишт карда мешавад. Сабзавотҳо аз 25 то 80 рӯз барои истеъмол тайёр мешаванд. Дар ин моҳ бояд интихоби тухмӣ, даровардани нуриҳои минералӣ ва органикии маҳаллӣ бо меъёр, нармкунӣ, тайёр кардани замин, кишт ва баъд аз кишт рӯйпӯшкунӣ бо плёнка иҷро карда мешавад. Инчунин, барои нигоҳ доштан аз сардиҳои ногаҳонӣ метавонед аз технологияи нақбӣ (тоннелная технология) истифода баред. Дар ин маврид коркарди кимиёвӣ мумкин нест. Ҳарорати ҳаворо дар дохили гармхона аз +8 то +20 С идора намудан муҳим аст. Дар дохили гармхонаҳои муосир тухми сабзавотҳои навъҳои гармхонагиро истифода намудан лозим аст. Дар дохили гармхона системаи обёрии қатрагиро ба роҳ монед.