Барои зироатҳои полезӣ дар замини интихобшуда даровардани нуриҳои минералӣ ва маҳаллӣ ва ҷуфткунии замин тавсия дода мешавад. Инчунин, тайёр кардани ҷӯякҳо барои кишти полезиҳои барвақтӣ ва интихоби тухмиҳои пешпазак мебошад. Аз 15-уми феврал барои шинонидани тухмӣ ба тубакчаҳо оғоз намудан лозим аст. Инчунин барои шинонидани тухмиҳо ва кӯчатҳо ҷӯякҳои омодашударо бо плёнка рӯйпӯш кардан лозим аст. Ин усул хокро гарм мекунад, сабзидани алафҳои бегонаро суст мекунад, пухтарасиши ҳосилро метезонад. Дар хоки гарм шинонидани тухмӣ ва кӯчати сабзида хуб афзоиш ёфта, аз касалиҳо кам зарар мебинад, инчунин коркарди кимиёвӣ кам гузаронида мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар вақти шинонидани тухмӣ, ҷойгиршавии тухмӣ аз плёнка 5-7 см чуқур тавсия дода мешавад. Баъди сабзида баромадани баргҳо, растанӣ ба плёнка бояд нарасад. Ҳангоми ба плёнка расидан, зуд плёнкаро сӯрох намуда, баргҳоро 1 рӯз пас берун кардан тавсия дода мешавад.