Компост – яке аз нуриҳои органикии беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Барои он ки:
- Хокро бой гардонида, ҳосилхезии онро баланд мегардонад;
- Барои рушду нумӯи микроорганизмҳо, ки омили ҳосили баланди зироат ҳастанд, шароити мӯътадилро таъмин месозад;
- Нисбат ба пору (ахлот) осон истифода бурда мешавад;
- Аз 1 тонна пору (ахлот) то 4 тонна компост тайёр кардан мумкин аст, чунки ҳамчун мавод боқимондаҳои растанӣ истифода бурда мешавад;
- Тухмиҳои алафҳои бегона ва микрофлораҳои касалиовар надорад;
- Растаниро дар муддати дароз бо ғизо таъмин месозад;
- Растанӣ ба осонӣ моддаҳои ғизогирро, дар муддати кӯтоҳ ҷаббида мегирад;
- Барои решаҳои растанӣ бехатар аст;
- Ҳосилшавии гумусро метезонад;
- Пухтарасиши ҳосилро метезонад;
- Туршии хокро паст мегардонад;
- Нисбат ба пору (ахлот) барои 1 гектар хароҷоти кам дорад (6 -12 т/га )
Компост нуриест, ки дар натиҷаи таҷзияи омехтаи моддаҳои гуногуни органикӣ ё партовҳои хоҷагӣ ба даст меоранд. Мақсади асосии компосткунӣ: дар нурӣ зиёд кардани элементҳои ғизоии барои растаниҳо дастрас – нитроген, фосфор, калий ва ғайра мебошад. Масолеҳи асосӣ барои компостонӣ инҳоянд: пору, саргини парранда, торф, решаву пояи растаниҳо, барги дарахт, аррамайда, ему хошоки вайроншуда ва ғайра.
- Компост дар муддати 3-5 моҳ тайёр мешавад. Дар ин марҳила бояд 1-2 маротиба болои онро кушода, омехта карда, боз пӯшидан лозим аст.
- Бо зарурият бояд намиро таъмин кардан лозим аст ва ё агар намӣ баланд бошад боқимондаҳои хушки растаниҳоро илова намудан лозим аст.
Чӣ хел фаҳмем, ки компост тайёр аст:
- Ранги сиёҳи қаҳваранг ва массаи якхеларо мегирад.
- Бӯи хоси аммиак аз байн меравад.
- Бӯи хуши хоки ҳосилхезро меорад.
Таркиби тахминии компости аз пасмондаҳои органикӣ тайёргардида.
Қисматҳои компост | N % | P % | K % |
Ғӯзапояи пахта ва саргини парранда | 0,4 | 0,13 | 1,4 |
Пасмондаҳои сабзавот | 0,49 | 0,12 | 0,9 |
Пасмондаҳои сабзавот + пору | 0,43 | 0,1 | 0,9 |
Саргини парранда + аррамайда | 1,0 | 0,4 | 0,46 |
Ахлоти омехта | 0,44 | 0,13 | 0,92 |