Дар моҳи феврал кишти гандуми лалмӣ давом дорад, яъне тайёр кардани замин барои кишти гандум, ҷуфткунии заминҳои лалмӣ то 20-25 см чуқурӣ, интихоби тухмиҳои хушсифат ва тайёр намудани онҳо барои кишт.
Пеш аз кишт тухмиҳоро аз алафҳои бегона тоза карда, бо заҳрдоруҳои Максим ХL 1,0л+10л об барои 1000 кг тухми гандум, Витавакс 200ФФ, 34%в.с .к 1,5-2,0л +10л об барои 1000 кг тухми гандум, ДИВИДЕНТ ЭК СТРИМ 115т.к.с 0,4 кг +10л об ба 1000 кг тухми гандум заҳролуд кардан лозим аст. Мӯҳлати кишт ба иқлими минтақаҳо вобаста аст. Меъёри кишти тухмӣ 130-160 кг (барои кишт вазни 1000 дона тухми гандум аз 42гр кам набошад, тухми репродуксияҳои RI – RII истифода баред).
Дар моҳи феврал давом додани ғизодиҳӣ, ба монанди коркард бо Агровитамини У9, Coda micro, ки онҳо тезтаъсир буда, афзоиши ғалладонагиҳоро тез мекунад, аз хунукӣ эмин медорад ва панҷазании ғалладонагиҳоро зиёд мекунад.
Барои ташаккулёбӣ ҳосили 1 сентнер дон ва миқдори мутаносиби баргу поя ва реша растании гандум аз хок 3,3-3,5 кг N (нитроген), 1,3 кг P₂O₅ (фосфор) ва 2-3 кг К₂О (калий)-ро меҷаббад. Дар заминҳои обӣ барои гирифтани 50-60 сентнер дони гандум 160-180 кг/га нурии нитрогенӣ, 80-90 кг/га фосфорӣ ва 50-60 кг/га нурии калийгӣ (моддаи таъсирбахш) даровардан лозим аст.
Меъёри истифодабарӣ: Агровитамин У9 0,7л+ 0,5л, Coda micro (200- 300 л об барои 1 га). Ҳангоми пошидан гармии ҳаво аз t+5°С баланд бояд бошад. Дар майдонҳо алафҳои бегонаи тирамоҳӣ Овсюг (Бомус) ё Плевел сабзида бошад, бо гербитсиди — Топик 080к.э (барои 1 га 0,3-0,5л бо 200-300 л об омехта) коркард намудан тавсия дода мешавад.