Корҳои зарурии агротехникие, ки дар моҳи феврал барои ангур гузаронида мешавад, ин башаклдарорӣ ва буриши навдаҳои ангур аст. Инчунин нарм кардани байни қаторҳои ангурзор, яхобмонӣ, коркарди кимиёвӣ, бастани навдаҳо ба сим, ба танзим даровардани сутунпояҳои ангурзор, пурра кардани қаторҳо бо ниҳолҳо ва тайёр кардани қаламчаҳо.
Барои аз навъҳои хуб рӯёнидани ниҳоли ангур бояд дарозии қаламча 40-50см шавад. Баъдан онҳоро баста навъи қаламчаро навишта часпонидан лозим аст. Қаламчаи омодашударо бо матои пахтагӣ печонида дар чуқурии 50-60см чаппанокӣ, яъне тарафи ғафси қаламча ба боло гӯронидан лозим аст.
Агар дар дохили боғ кирми ордакмонанди ангур бошад, бар зидди ин зараррасон инсектоакаритсиди Актеллик 2л+20л, Равғани Ариа 80%+ 3 кг, Косайд фунгитсид бо 1000л об маҳлул карда навдаҳо ва танаи ангурро то гардани реша коркард карда, гирду атрофи решаро тоза ва побел кардан тавсия дода мешавад. Ба касалии Антракноз 20л Равғани Ариа 80%+ 3 кг, Косайд фунгитсид бо 1000л об маҳлул карда пошидан лозим аст.
Нуриҳои органикиро дар гирду атрофи ниҳоли ангур рехта, дар чуқурии 20 — 25 см хокро коркард намоед. Тарзи истифодаи нуриҳои минералӣ бошад чунин аст: дар масофаи 50 см аз танаи растанӣ аз чор тараф чуқурича канда, нуриро рехта, болояшро бо хок пӯшонидан лозим аст. Чуқурии он 20 то 25 см бошад кифоя аст.
Меъёри нуриҳо вобаста ба синну соли ангур ба назар гирифта мешавад. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан лозим аст.