Дар охири солҳои бистуми асри гузашта саршумори аспҳои зотӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар кишвари мо рӯ ба коҳиш ниҳода, ин раванд то аввали садаи бисту як идома кард. Баъдан раванди афзоиши саршумори аспҳо суръати бебозгашт пайдо карда, то кунун идома дорад. Ин аст, ки ҳамакнун, дар Тоҷикистон, аз ҷумла, вилояти Суғд шумораи дӯстдорон ва парваришкунандагон ва нигаҳбонони асп беш аз пеш меафзояд. Ҳаводорони ин навъи ҳайвони барои инсон дӯсту мададгор аспро бештар барои иштирок ва ғолибият дар мусобиқоти варзишию суннатии пойгаву бузкашӣ, афзудани саршумори он парвариш менамоянд. Ҳоло аспҳои саворию човандозие парвариш меёбанд, ки қимати онҳо чаҳорсад ҳазор сомонӣ ва аз он болотар меистад.

Собитҷон Мақсудов яке аз дӯстдорони шуғли асппарварӣ дар кишвар, муовини Раиси Ассотсиатсияи асппарварони вилояти Суғд ва намояндаи Созмони байналмилалии парваришкунандагони аспи ахалтекинӣ дар Тоҷикистон мебошад. Вай иброз медорад, соли 1995 дар як сафари хидматӣ дар шаҳри Ишқободи Туркманистон қарор дошт ва бори нахуст ба аспҳои зоти ахалтекинӣ, ки аз ҳар ҷиҳат нисбат ба аспҳои зоти дигар бартарият доранд, аз наздик ошноӣ пайдо кард. Ба дил гуфт, ки бо пайдо шудани шароити мусоиди молӣ ба дастрас ва парвариши аспҳои зотию тозӣ, яъне даванда машғул мешавад. Пас аз ду соли бозгашт ин орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Вай чанд сар аспи зотии англисӣ ва ахалтекинӣ дарёб кард. Ҳамзамон таври ҷиддӣ ба омӯзиши таърихи пайдоиши ин аспҳо машғул шуд. Аз мадракҳои илмию адабӣ дарёфт, ки зоти ахалтекинӣ ҳамон аспи суғдӣ аст. Ӯ донист, ки баъди Инқилоби Октябр дар сарзамини таърихии тоҷикон — Мовароуннаҳру Хуросон касе ҷиддан ба нигаҳдошт, хушзоткунӣ ва афзоиши саршумори аспҳои ахалтекинӣ таваҷҷӯҳ ва эътибор надодааст. Ин аст, ки саршумори он батадриҷ кам шуда, билохира дар кишвари мо ба ниҳояти нестӣ расидааст. Баъди Истиқлолият таваҷҷӯҳ ба асппарварӣ дар кишвари мо бештар гардида, дар натиҷа саршумори аспҳои зотӣ зиёд шудааст. Аспҳои парвардаи тоҷикон оҳиста-оҳиста вориди мусобиқаҳои байналмилалӣ мешаванд.

Боиси ифтихори тоҷикистониён аст, ки аспҳои зоти ахалтекинии мо дар мусобиқаҳои пойгаи аспҳо, ки дар он намояндагони ҳама кишварҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон ширкат менамоянд, борҳо ба дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ ноил омаданд. Ҳамчунин дар мусобиқаҳои бузкашӣ, ки дар давоми як сол танҳо дар вилояти Суғд тақрибан 35-50 маротиба баргузор мешаванд, аспҳои зотии мо ширкат намуда, дар аксари мавридҳо ғолиб меоянд. Бояд бигӯям, ки баргузории ин гуна мусобиқаҳо аҳамияти бузурги сиёсиву иҷтимоиву молиявиву маънавию ахлоқӣ доранд. Зеро нафарони зиёде, ки аз дохил ва хориҷи кишвар барои иштирок ва тамошои ин навъи варзиши миллӣ меоянд, бо забони шевои тоҷикӣ ошно гардида, ишқи омӯзиши ин забон дар онҳо зиёд мегардад. Дар дили ҷавонон меҳри асппарварӣ зиёд гардида, онҳо вақти хешро сарфи нигоҳубин, аспсаворӣ ва варзиш мекунанд. Ҳоло вақти он расидааст, то навъи варзиши чавгонбозиро, ки бозии миллии мо тоҷикон аст ривоҷу равнақ бахшем. Ҳамчунин моро зарур аст, то дар мусобиқаҳои варзишии поло, яъне ҷаҳидани асп аз монеаи баланд, ки дар Аврупо хеле маъмул аст, ширкат варзем ва ному эътибор ва имиҷи кишвари хешро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем. Гузашта аз ин, ҳамасола дар кишварҳои дуру наздик намоишгоҳи аспҳои хушзоту зебо баргузор мегардад, ки бояд дар онҳо ширкат варзем. Бояд зикр кунам, ки дар тамоми дунё ҳоло ба олитарин меҳмон тақдим намудани асп, хосатан аспи ахалтекинӣ, чун рамзи тӯҳфаи бебаҳо расм шудааст. Аспҳои хушзот боигарии ҳар миллат мебошанд. Набояд фаромӯш кард, ки асп ва бозиҳои марбут ба он тиҷорати бузург ба шумор рафта, метавонанд маблағҳои зиёдеро ба хазинаи давлат ва мардум ворид созанд. Ҳамчунин таъкид бояд сохт, ки асп ба хоку замину ҳавову об ва муҳити атрофи кишвар ҳеч зиёну зараре намерасонад. Аспро дар тиб чун дармонбахши бисёр бемориҳо истифода мебаранд”, — иброз дошт Собитҷон Мақсудов.

Зодаи ноҳияи Шаҳристон Карим Шарифов дар ҳавлии як нафар аз дӯстдорони аспи ноҳияи Конибодом тайи ду моҳ ба ҳайси саис кор мекунад. Вай ва як нафар ҳамкори ӯ ба нигоҳубини 13 сар аспи човандозӣ ва 20 сар аспи байтал (модаи зоянда) машғул аст. Карим иброз медорад, ки ӯву ҳамкораш аз субҳ то шом ба аспҳо аз рӯи реҷаю низоми махсус хӯрок медиҳанд.

Дар як шабонарӯз ба ҳар асп дар ҳудуди 8  кг ҷав ва як банд беда (юнучқа) ва об медиҳем. Ҳар рӯз як бор аспро ба сайругашт мебарорем. Барои ин ҳар моҳ 1500 сомонӣ маош мегирем ва иловатан, хӯрокамон ройгон аст. Боз нафарони дигаре ҳастанд, ки ахлотро берун бароварда, саисхонаро тозаю тамйиз мекунанд,- иброз медорад Карим Шарифов. – Мо аспҳоро ба бузкашию пойга омада мекунем ва нафарони дигаре ҳастанд, ки дар мусобиқаҳо аспсаворӣ мекунанд. Онҳо низ маош мегиранд. Ғайр аз 23 сар асп як сар шутур низ парвариш мекунем, ки соҳибаш онро ҳамчун ҷоиза дар бузкашӣ ба нафари ғолиб туҳфа мекунад”.

Назар ба омори расмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба якуми августи соли  2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ 82 ҳазору 841 сар асп парвариш ёфта, саршумори он нисбати ҳамин давраи соли 2018 167 сар зиёд гардидааст. Аз он ҷумла, дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 327 сар, вилояти Суғд 8 ҳазору 430 сар, Хатлон 59 ҳазору 784 сар ва Ноҳияҳои Тобеи Марказ 14 ҳазору 300 сар асп сабти ном шудаанд. Аз саршумори умумии аспҳо 21 ҳазору 530 сар ба бахши хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ ва зиёда аз 61 ҳазор сар ба бахши аҳолӣ рост меояд. Дар ҷумҳурӣ, асосан, зотҳои аспи тоҷиқӣ, лақайӣ, қаробоирӣ, асилзоти англисӣ ва ахалтекинӣ парвариш карда мешаванд. Аспҳои зоти тоҷикию ахалтекинӣ ва лақайиву қаробоирӣ бо мақсади пойгаи равон, саворӣ, боркашӣ, бузкашӣ истифода мешаванд.

Аспҳои зотӣ, ба қаламрави кишвар асосан, аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ворид ва барои хушзот намудани аспҳои зотии тоҷикию лақайӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳоло асппарварони тоҷик аспҳои зотии тоҷикӣ ва қаробоирии хешро ба кишварҳои наздик, чун Ӯзбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Афғонистон мефурӯшанд. Дар қаламрави кишвар “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки афзун намудани саршумори аспҳои зотӣ ҷузъе аз ин барнома ба шумор меравад.

Бояд таъкид дошт, ки аспҳо дӯстони вафодори инсонҳо, ба вижа, кӯдакон ба шумор мераванд. Ба хотир овард даврони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро, ки аспҳо борҳо ҷанговарони маҷрӯҳро аз майдони муҳориба берун бурда, аз марг наҷот додаанд. Барои чунин хидматашон се сар асп сазовори медали олии барои ҳайвонҳо таъсисдодаи Мария Дикин «Барои ҷасорат» гардидаанд.

Аспҳо дар деҳаҳои дурдасти кишвар, ба вижа кӯҳистон, то ҳол ёрирасони кишоварзон буда, тавассути онҳо заминро шудгор мекунанд, бор мекашонанд, одамонро аз як ҷой ба макони дигар мебаранд. Онҳо метавонанд ба сайёҳони дохиливу хориҷии кишвар низ хидмат кунанд.

Тилав РАСУЛЗОДА