Буриши санитарии шоху навдаҳои касал ва аз таъсири механикӣ зарардидаро гузаронидан лозим аст. Дарахтонро то зери шохсор бо оҳаки 20% ва бо иловаи купороси миси 5% сафед намоед. Ин чорабинӣ имконият медиҳад, ки касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон дар танаи дарахтон маскан нагиранд.
Барои несту нобуд кардани маскани ҳашаротҳои зараррасон ва намиғундории хок коркарди байни қаторҳо гузаронида шавад.
Агар дар дохили боғ зараррасонҳои хоянда зиёд бошад, ҳатман домҳо бо истифода аз заҳрдоруҳоро ҷойгир намудан ба манфиати кор аст.
Барои рушди дарахтон метавонед нуриҳои органикиро (поруи пӯсидаро) дар гирду атрофи дарахтон рехта, бо хок омехта намоед. Барои ҳосилхезии хок ҳатман истифодаи нуриҳои органикиро дар боғ дар 3 сол як маротиба ба нақша гиред.
Вобаста ба нашъунамои дарахтони нок ва синну соли он нуриҳои минералӣ аз ҷумлаи суперфосфат ва сулфати калийро истифода намоед. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий (моддаи таъсирбахш) додан лозим аст. Нуриҳои нитрогениро баҳорон, пеш аз давраи гулшукуфоӣ, ба нақша гиред.
Коркарди байни қаторҳо агар баъди рехтани баргҳо анҷом дода шавад, боз беҳтар мешавад. Барои он ки бисёр спораҳои касалиҳои занбӯруғӣ ва бактерияҳои дар баргҳои растанӣ буда, манбаи сироят ба ҳисоб мераванд. Дар ҳолати зери хок гардидани онҳо қисман нобуд мегарданд.
Шоху навдаҳои аз касалии сӯзиши бактериявӣ зарар дидаро бурида, дар ҷои алоҳида сӯзонидан лозим аст.
Хурсандӣ Сафаралиев