Агар шумо навъҳои ремонтантӣ дошта бошед ва мехоҳед парвариши қулфинайро дар фасли зимистон давом диҳед, пас парвариши онро дар шароити гармхона ба роҳ монед. Ҳарорати дохили гармхонаро аз +22 то +240 С танзим намудан лозим аст. Барои гарм кардани гармхона хароҷоти молиявии онро ба назар гирифтан лозим аст.
Дар бисёр минтақаҳои агроиқлимии ҷумҳурӣ дар фасли зимистон парвариш намудани қулфинай хароҷоти зиёди молиявиро талаб менамояд ва дар ин ҳолат ба кишоварз фоида кам меорад. Усулҳои самарабахш ва камхарҷи тавлиди гармиро ҷустуҷӯ намудан лозим аст, то ки бо харҷи кам парвариши ин зироат дар шароити гармхона ба роҳ монда шавад.
Бо фарорасии фасли сармо растаниҳои қулфинайи дар шароити замини кушод парваришшаванда аз алафҳои бегона тоза карда шуда, дар бехи онҳо коҳи майда пошидан лозим аст. Коҳи майда ба зимистонгузаронии растании қулфинай кӯмак мерасонад.
Ҳамеша назорат кардан зарур аст, ки дар дохили киштзори қулфинай зараррасонҳои хоянда пайдо нашавад. Агар хоки байни қаторҳои қулфинай коркард карда шуда, нуриҳои фосфорию калийгӣ истифода карда шавад, боиси гирифтани ҳосили фаровони қулфинай дар соли оянда мегардад. Агар растаниҳои қулфинай рушди зиёд дошта бошанд ва ҳаҷман калон бошанд, нақшаи ягонакунии онро дар аввали фасли баҳор пеш аз гулшукуфоии қулфинай ба назар гирифтан лозим аст.
Қулфинай дар хокҳои серғизо ҳосили фаровон медиҳад ва хокҳои камғизо боиси заиф гардидани рушди растаниҳо гардида, ҳосилнокии онҳо паст мегардад. Агар имконияти дастрас намудани поруи пурра пӯсида дошта бошед, беҳтарин имконияти истифода он ҳоло аст. Нуриҳои нимпӯсида ва тару тоза боиси сабзидани шумораи зиёди алафҳои бегона ва пайдо шудани касалиҳои замбӯруғию бактериявии қулфинай мегарданд.
Хурсандӣ Сафаралиев