Дар моҳи декабр кишти гандуми лалмӣ (дар ҷануб) идома дорад. Тайёр кардани замин барои кишти гандум, обёрӣ кардани гандуми киштшуда, даровардани ғизоҳои минералӣ (аммофос 200кг, карбамид 50кг вазни физикӣ) ва 15-20 тн. даровардани нуриҳои органикӣ пеш аз ҷуфткунӣ аз қабили ин корҳо мебошад. Ҷуфткунӣ дар чуқурии 28-30см бояд гузаронида шавад. Интихоби тухмиҳо ва тайёр намудани онҳо барои кишт (тоза кардани тухмиҳо аз алафҳои бегона, заҳролудкунӣ бо заҳрдоруҳои Максим ХL 1,0л+10л. об, ба 1000кг гандум, Витавакс 200ФФ, 34% в.с.к 1,5-2,0л +10л об ба 1000кг тухми гандум, ДИВИДЕНТ ЭКСТРИМ 115т.к.с 0,4кг +10л об ба 1000кг тухми гандум).
Мӯҳлати кишт аз иқлими минтақаҳо вобаста аст. Меъёри кишти тухмӣ аз 180-250кг (барои кишт вазни 1000 дона тухми гандум аз 47гр кам набошад, тухми репродуксияҳои R I – R II истифода баред).
Обёрӣ баъди гузаронидани кишт. Дар аввали моҳи кишт гандум обро зиёд талаб мекунад. Дар моҳи декабр оғози чорабиниҳои ғизодиҳӣ ба монанди коркард бо Агровитамин У9, Coda micro, ки онҳо тезтаъсир буда, афзоиши ғалладонагиро тез мекунанд ва аз хунукӣ эмин нигоҳ медоранд, ба панҷазании ғалладонагиҳо мусоидат мекунад.
Меъёри истифодабарӣ: Агровитамин У9 — 0,7л+ 0,5л Coda micro (200- 300 л.об/га.)
Дар майдонҳо алафҳои бегонаи тирамоҳӣ Овсюг (Бомус) ё Плевел сабзида бошад бо гербитсиди — Топик 080 к.э. (барои 1 га 0,3-0,5л бо 200-300 л.об омехта) коркард намудан тавсия дода мешавад.
Махсут Отабеков