Чормағз дарахти намидӯстдор ба ҳисоб меравад. Барои захира гардидани намии зарурӣ дар сатҳи ҷойгиршавии реша бояд хоки гирду атрофи дарахт пурра коркард карда шавад. Дар чормағззорҳое, ки дар талу теппаҳо бунёд гардидаанд, ҳатман дар гирди танаи дарахт барои ҷамъ шудани об хандақчаҳо кандан лозим аст. Дар ҳолати мавҷуд будани намии зарурӣ дар системаи реша нашъунамои дарахти чормағз хуб гардида, ҳосили фаровон медиҳад.
Истифодаи нуриҳои фосфорию калийгиро дар охири моҳи ноябр фаромӯш кардан лозим нест. Агар синну соли дарахт калон бошад нуриро дар чуқурии на кам аз 50 см ҷойгир намуда, болояшро бо хок маҳкам намудан лозим аст. Ба ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий додан зарур аст. Нуриҳои нитрогениро баҳорон ба нақша гиред. Танаи дарахтонро то зери шохсор бо маҳлули 20% оҳакоб ва бо иловаи маҳлули 5% купороси мис сафед намоед. Баъд аз рехтани баргҳои боғи чормағз бо заҳрдоруи Карате Зеон (барои 1 га 200 г-ро бо 1000 л об омехта) ва Хорус (барои 1 га 0,2 л-ро бо 1000 л об омехта) боғро коркард намоед. Шоху навдаҳои аз касалию зараррасонҳо ва аз таъсири механикӣ зарардидаро бурида, несту нобуд кунед. Агар дар дохили боғ зараррасонҳои хоянда бисёр бошад ҳатман домҳои заҳролудшударо гузоред.