Ба наздикӣ дар бисёр минтақаҳои агроиқлимии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили себҳои навъҳои зимистона ба охир мерасад. Баъд аз ҷамъоварии ҳосил ҳатман меваҳои пӯсида ва буриши санитарии шоху навдаҳои аз касалию ҳашаротҳои зараррасон осебдидаро гузаронидан лозим аст. Бехи дарахтон то зери шохсор бояд бо маҳлули 20% оҳакоб ва бо иловаи маҳлули 5% купороси мис сафед карда шаванд. Дар ҳар як гектар боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий додан лозим аст. Нуриҳои нитрогениро баҳорон пеш аз давраи гулшукуфоӣ ба нақша гиред. Баъд аз пурра ба давраи оромӣ гузаштани дарахтони себ як коркарди кимиёвӣ бар зидди касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасонро гузаронед. Аз заҳрдоруҳо метавонед Актара (барои 1 га 200 г-ро бо 1000 л об омехта) ва Хорусро (барои 1 га 0,2 л-ро бо 1000 л об омехта) истифода намоед.
Коркарди байни қаторҳоро баъд аз рехтани баргҳо гузаронед. Агар рушду нумӯи растаниҳо заиф бошад, ҳатман истифодаи нуриҳои органикиро ба нақша гиред. Нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар мавриди истифода ҳатман бояд бо хок омехта карда шаванд. Дар гирду атрофи дарахтони дар талу теппаҳо бунёд гардида, ҳатман кандани хандақчаҳро барои захира гардидани намӣ ба назар гиред. Дар шароити заминҳои лалмӣ коркарди байни қаторҳо яке аз омилҳои муҳими намиғундории хок ба ҳисоб меравад, ки аз ин ҳисоб ҳосилнокии дарахтон зиёд мегардад. Инчунин шоху навдаҳои аз касалии сӯзиши бактериявӣ зарардидаро ҳатман оҳиста ва боэҳтиёт дар ҷои алоҳида ҷамъоварӣ намуда, сӯзонидан лозим аст.
Хурсандӣ Сафаралиев