Дар моҳи ноябр ҳосили зироатҳои лӯбиёдонагиҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, тавсия дода мешавад, ки баъди ҷамъоварии ҳосил тухмӣ бояд тоза карда, хушконида шавад. Намии тухмии ҷамъоваришуда бояд аз 14-15% зиёд набошад. Тухмии ҷамъоваришуда пеш аз ҳама бояд аз ҳама гуна маводи бегона тоза карда шавад. Бо ин мақсад аз тухмитозакунакҳои махсус истифода мекунанд, ки онҳо ба воситаи боддиҳӣ тухмиро аз маводи бегона, донҳои пуч ва тухмии баъзе алафҳои бегона тоза мекунад. Новобаста аз ин, пас аз тозакунии аввалиндараҷаи тухмӣ ҳанӯз тухмии баъзе алафҳои бегона, дони пурра пухта нарасида ва шикаста, инчунин дигар маводи бегона боқӣ мемонад. Аз ин рӯ тухмӣ бояд аз тозакунии дуввумдараҷа низ гузарад, ки дар раванди он тухмӣ аз ҳама гуна маводи бегона тоза мегардад.
Акмал Насруллоев