Дар боғи гелос пеш аз ҳама буриши санитарӣ гузаронидан муҳим аст. Шоху навдаҳои касал ва аз таъсири механикӣ осебдида бурида шуда, нобуд карда мешавад. Бехҷастҳоро бояд пурра аз бехи дарахтон тоза намуда, коркарди байни қаторҳоро ба роҳ мондан лозим аст.
Дарахтонро то зери шохсор бо оҳаки 20% ва бо иловаи купороси миси 5% сафед намоед. Ин чорабинӣ боиси несту нобуд гардидани касалиҳои занбӯруғию бактериявӣ ва ҳашаротҳои дар зери пӯстлохи дарахтон маскангирифта мегардад.
Баъд аз пурра рехтани баргҳои дарахтони гелос як коркарди кимиёвӣ бар зидди касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасонро ба назар гирифтан лозим аст. Ин коркардро дар ҳолати ҳарорати ҳаво на камтар аз 150С будан анҷом диҳед. Аз заҳрдоруҳо метавонед Конфидор (барои 1 га 0,3 л-ро бо 1000 л об омехта) ва Скорро (барои 1 га 0,2 л-ро бо 1000 л об омехта) истифода намоед. Вобаста ба нашъунамои дарахтони гелос ва синну соли он дар даҳаи охири моҳи ноябр нуриҳои минералӣ, аз ҷумлаи суперфосфат ва сулфати калийро истифода намоед. Дар ҳар як гектари боғи ҳосилдиҳанда 150 кг суперфосфат ва 100 кг сулфати калий додан лозим аст. Нуриҳои нитрогениро баҳорон, пеш аз давраи гулшукуфоӣ ба нақша гиред. Нуриҳои минералиро бо истифода аз лом, аз чор тарафи дарахт дар масофаи 50 то 60 см дуртар сӯрох намуда, нуриро рехта болояшро бо хок пӯшонидан лозим аст. Чуқурии онҳо вобаста аз синну соли дарахт аз 30 то 50 см ба системаи реша наздик карда мешавад. Дар ҳолати хушк омадани фасли зимистон ҳатман вобаста ба имконияти минтақа обёрии намизахиракунандаро ба роҳ гузоред. Агар нашъунамои дарахтони гелос заиф бошад, ба ҳар як дарахти ҳосилдиҳанда 1 ё 2 сатил поруи пурра пӯсидашуда илова намуда, хокро коркард кунед.
Хурсандӣ Сафаралиев