Дар моҳи ноябр кишти гандуми лалмӣ гузаронида мешавад. Барои ин дуруст тайёр кардани замин барои кишти гандум, обёрӣ кардани замин баъди кишт, даровардани ғизоҳои минералӣ (аммофос 200кг, карбамид 50кг вазни физикӣ) ва даровардани 15-20 тн. нуриҳои органикӣ пеш аз ҷуфткунӣ тавсия дода мешавад. Пеш аз ҳама интихоби дурусти тухмиҳо ва тайёр намудани онҳо барои кишт, яъне тоза кардани тухмиҳо аз алафҳои бегона, заҳролудкунӣ бо протравителҳо Максим ХL 1,0л+10л. об, ба 1000 кг гандум, Витавакс 200ФФ, 34%в.с .к 1,5-2,0л +10л. об ба 1000кг тухми гандум., ДИВИДЕНТ ЭКСТРИМ 115т.к.с 0,4кг +10л об ба 1000кг тухми гандум тавсия дода мешавад. Мӯҳлати кишт бо иқлими минтақаҳо вобастагӣ дорад, яъне оғози кишти гандуми тирамоҳӣ барои вилояти Суғд аз 10 сентябр то 20 октябр муайян шудаст.
Бояд қайд кард, ки ҳосилнокии гандуми дар моҳи ноябр киштшуда паст мешавад. Аз ин лиҳоз кишт то моҳи ноябр гузаронида шавад. Меъёри кишти тухмӣ аз 180-250кг барои 1 гектар мебошад (барои кишт вазни 1000 дона тухми гандум аз 47 гр кам набошад, тухми репродуксияиҳои R I – R II истифода баред).
Дар моҳи аввали кишт гандум обро зиёд талаб мекунад. Дар моҳи ноябр оғози чорабиниҳои ғизодиҳӣ, ба монанди коркард бо Агровитамин У 9, Coda micro, ки онҳо тезтаъсир буда, афзоиши ғалладонагиро метезонанд, аз хунукӣ эмин медорад ва панҷазании ғалладонагиҳоро зиёд мекунад.
Меъёри истифодабарӣ: Агровитамин У 9 0,5л, + 200гр Моспилан 20% — 200- 300 л/об, барои аз зарарасонҳо нигоҳ доштан, ё ин ки 1,0л Данадим эксперт, Энжио 0,1-0,15 л/га ва ғайра.
Дар майдонҳо алафҳои бегонаи тирамоҳӣ Овсюг (Бомус) ё Плевел сабзида бошад бо гербисиди — Топик 080.к.э 0,3-0,5 л бо 200-300 л об омехта карда, коркард намудан тавсия дода мешавад.
Махсут Отабеков