Дар Тоҷикистон асосан пиёзи муқаррарӣ ё бехпиёз кишт менамоянд, зеро сабзавоти аз ҳама паҳншудатарин ва аҳамияти калони хоҷагидошта ба ҳисоб меравад. Кишти он дар мамлакат чоряки тамоми сабзавотро ташкил медиҳад. Мақолаи имрӯзаи мо ба яке аз пиёзҳои маъмул бахшида шудааст, ки он ҳам пиёзи сурх ё бунафш мебошад.

Дар ҷаҳон зиёда аз 400 намуд ва тақрибан 1000 навъи пиёз маълум аст. Дар Тоҷикистон бошад 78 намуди пиёзи худрӯй месабзад. Номи лотинии бехпиёзи сурх – Allium cera L. буда, ватанаш Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Ин намуди пиёз зиёда аз шаш ҳазор сол пеш аз мелод хонагӣ кунонида шудааст.

Якчанд намудҳои пиёзи сурхро дар асри XIX аз Португалия ба Қрим оварда, дар боғи ботаникии Никитский омӯхтаанд. Пас аз якчанд сол аз ҷазираи Мадейра боз навъҳои дигари пиёзи сурхро оварданд. Дар натиҷаи корҳои селексионӣ пиёзи навъи «Кримский»-ро бароварданд, ки ранги пӯстлохаш бунафш буда, ниҳоят диққатҷалбкунанда мебошад. Қабатҳои гӯшти он сероб буда, қариб тамоман моддаҳои тунди равғани эфирӣ надорад ва аз ангиштобаҳо бой мебошад. Бинобарон ҳангоми тару тоза  истеъмол намудан димоғро намесӯзонад, бӯй надорад ва хело хуштамъ мебошад. Таркибаш аз моддаҳои фоидаовар бой буда, барои тару тоза хӯрдан форам мебошад. Онро бештар барои хуришҳо истифода мебаранд.

Навъи «Ялтинский» ҳам, ки кулчамонанд ва диаметраш то 15 см мебошад, дар Қрим ихтироъ шудааст. Нархи он нисбат ба дигар намудҳои пиёз то се маротиба қиматтар мебошад ва ҳосилаш дар давоми се моҳи парвариш барои ҷамъоварӣ тайёр мешавад.

***   ***   ***

Пиёзи сурх растании дусола буда, соли якум тухми коридашуда сабзида, бехмева ҳосил мекунад. Соли дуюм аз бехмеваи он баргҳои борики найчамонанди сабз ривоҷ меёбад, ки дарозиаш 30-50 см шуданаш мумкин аст. Инчунин гулпояи найчашакли дугмонанд ба амал меорад, ки то 1,5м баланд мешавад. Дар нӯги гулпоя хӯшагули соябоншакл мерӯяд, ки ҳар кадомаш то 800 дона гул мекунад. Гулаш дуҷинса аст, миқдори гулбаргҳояш 6-то, ранги гулбаргҳо сафед, бунафш ва гулобӣ мешавад. Гулҳо одатан моҳҳои июн-июл мешукуфанд ва бо воситаи ҳашарот гардолуд мешаванд. Бехмевааш аз моҳи август барои ҷамъоварӣ тайёр мешавад.

Мевааш ғӯзаи сеқира аст, ҳар кадоми он 4-6 тогӣ тухмӣ дорад. Ранги тухмаш сиёҳ буда, қобилияти сабзишаш боқувват буда, ҳатто бо гузашти 2-3 сол аз 95% кам намешавад. Вазни 250 – 400 донаи тухмиаш 1 г аст. Тухмиаш якпаллагӣ аст, аз ин сабаб пиёз ба гурӯҳи растаниҳои якпаллагӣ дохил мешавад.

Ранги бехпиёз вобаста аз навъҳояш сафед, зард, сурх ва бунафш мебошад. Дар мақолаи мазкур мо асосан дар бораи бехпиёзи сурх ва парвариши он гуфта мегузарем. Пиёзи сурх аз дигар намудҳо бо ранги пӯсти ҷилоҳии сурху бунафши  зебои худ фарқ мекунад. Дар таркиби навъҳои пиёзи сурх антиоксидантҳо, витаминҳои гурӯҳи В, А ва микроэлементҳои магний, кобалт, хром, сулфур, калий бо миқдори зиёд вуҷуд дорад, ки истеъмоли он барои пешгирии касалиҳои роҳи нафас, шамолхӯрӣ ва газакҳо кӯмак мекунад. Тамъи пиёзи сурху бунафш нисбат ба пиёзи зарду сафед ширинтар мебошад.

Пиёзи сафед ва зард аз ҳисоби дар таркибаш кам будани ангиштобаҳо маззаи тунд дошта, қабати гӯшти варақаҳояш камоб буда, зич ҷой гирифтаанд. Бинобарон нисбат ба навъҳои пиёзи сурх пас аз ҷамъоварӣ то аввали баҳор нағз нигоҳ дошта мешавад. Навъҳои бехпиёзи сурх бошад, пас аз ҷамъоварӣ танҳо то моҳи январ-феврал нигоҳ дошта мешавад, ки ин ягона камбудии онҳо мебошад.

Навъҳои бехпиёзи сурх барвақтӣ ва миёнапазак шуда, давраи нашви онҳо 65-90 рӯзро ташкил медиҳад.

Навъҳои беҳтарини пиёзи сурхи ширин инҳоанд: «Багровый мяч», «Грейтфул», «Кампилло», «Ретро», «Черный принц» «Испанский 313», «Ленинабадская кулча».

Ҳоло як-ду навъи ин пиёз дар кишвар дастрас аст. Давоми солҳои оянда бо кӯмаки ташкилотҳои ёрирасон воридоти тухмиҳои навъҳои гуногун зиёд шуда, ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда хоҳанд шуд. Оиди навъҳои мутобиқшуда мақолаҳои алоҳида хоҳем навишт. Зеро пиёзи сурх дар бозори ҷаҳонӣ ҷои махсус дошта, барои иқтисодиёти пиёзпарварон ояндаи дурахшон дорад.

Парвариши ҳамаи намудҳои бехпиёз новобаста аз ранги пӯстлохашон аз якдигар фарқ надорад. Аммо нигоҳубини пиёзи сурх албатта баъзе нозукиҳои худро дорад.

 Агротехникаи пиёзи сурх

Бехпиёзро аз тухмаш сабзонида ҳосил мегиранд. Вобаста аз навъ, ҷои маҳал ва тарзи парвариш ҳосили бехпиёзро дар давоми як, ду ва баъзан се сол ба даст меоранд. Дар минтақаҳои иқлимаш хунук, масалан Қазоқистони Шимолӣ ё Русия пиёзро соли якум аз тухмаш парвариш намуда, нушпиёзакҳои майда ҳосил гирифта, соли дуюм ва баъзан танҳо соли 3-юм бо воситаи кӯчат парвариш карда, ҳосил мегиранд. Дар шароити Осиёи Миёна бошад тухми пиёзро корида, дар давоми як сол ҳосили бехпиёзи ба стандарт мувофиқро ба даст меоранд. Агар мақсад ҳосили тухмӣ гирифтан бошад, бехпиёзҳоро аввали баҳор ба замини кишт шинонида мепарваранд. Пас аз 65-70 рӯзи шинонидан онҳо саросар гул мекунанд ва пас аз ду моҳи дигар ҳосили тухмӣ гирифтан мумкин аст.

Бехпиёз ба гармӣ он қадар талаботи зиёд надорад. Дар давраи сабзиш ба хунукиҳои 6-70С тоб меоварад. Ҳарорати мӯътадил барои нағз ривоҷ ёфтани он 18-200С мебошад. Тухмиҳои киштшуда ва бехпиёз дар ҳарорати 3-50С ба сабзиш шурӯъ менамоянд. Пиёзи аввали баҳор коридашуда пас аз 15-18 рӯз неш зада мебарояд ва одатан моҳи сентябр пухта мерасад.

Пиёз ба равшанӣ талаботи зиёд дорад ва дар ҷойҳои соя ҳосили хуб намедиҳад. Ба намии хок серталаб мебошад, аммо 14-18 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил бояд обёрӣ карда нашавад, то ки бехпиёз зудтар пазад ва ҳангоми нигоҳдорӣ камтар нобуд шавад.

Барои кишти пиёз замини хокаш сабуки қуму лойқаноки соҳили дарёҳо, инчунин майдонҳои аз алафҳои бегона тозаи ғизонок мувофиқ аст. Заминҳои хокаш вазнини гилнок, ки пас аз боришот сафолак мешавад, инчунин хокҳои шӯр ва ботлоқӣ барои кишти пиёз ба кор намеояд. Пиёзро пас аз пешкиштҳои сабзавотҳои барвақтии картошка, карам, бодиринг, помидор ва ғалладонагиҳою лӯбиёгиҳо коридан хуб аст.

Дар Осиёи Миёна бехпиёзро дар се фасл мекоранд:

  • аввали баҳор;
  • охири тобистон — аввали тирамоҳ;
  • аввали зимистон.

Дар шароити Тоҷикистон бехпиёзро одатан аввали баҳор мекоранд. Пиёзи нӯшро барои кӯчат кардан ва бо мақсади тухмӣ гирифтан низ баҳорон, охирҳои моҳи феврал, март мешинонанд. Дар ҳолати дер (моҳи апрел) коридан миқдор ва сифати ҳосил паст мешавад. Сабаб дар он аст, ки моҳи апрел ҳарорати ҳаво нисбат ба ҳарорати қабати рӯи замин баландтар мегардад. Дар натиҷа баргу пояи пиёз нисбат ба решааш тезтар тараққӣ мекунад. Дар ин ҳол қувваи реша барои пурра ва мунтазам бо ғизо таъмин намудан намерасад. Оқибат ҳолати умумии растанӣ аз рӯзи аввал суст шуда, ҳосили хуб намедиҳад. Ҳосили пиёзи аввали баҳор коридашуда ҳангоми нигоҳ доштан дар давоми зимистон он қадар нобуд намешавад.

Пиёзи охири тобистону-аввали тирамоҳиро дар бисёрии ноҳияҳои Тоҷикистон моҳи август мекоранд. Пиёзи дар ин мӯҳлат коридашуда нисбатан зудтар сабзида баромада, моҳи сентябру октябр, дар ба ъзе ноҳияҳо то ноябр 10-15 см қад кашида, решааш нағз ривоҷ меёбад. Бинобарон зимистонро безарар мегузаронад. Дар ҳолати дертар аз мӯҳлат коридан онҳо аз хунукиҳои зимистон осеб диданашон мумкин.

Ҳосили пиёзи охири тобистону-аввали тирамоҳӣ соли оянда моҳи июл – август барои ҷамъоварӣ тайёр мешавад. Ҷои қайд аст, ки пиёзи дар ин мӯҳлат коридашуда бештар наркӣ шуда, гул мекунад ва дар зимистон нигоҳ доштан бисёртар нобуд мешавад.

Пиёзи аввали зимистониро охирҳои моҳи ноябр – декабр мекоранд. Тухмии дар ин мӯҳлат коридашуда барвақт аввали баҳор месабзад. Баъзан пиёзи барвақттар (аввали ноябр) коридашударо, ки айни зимистон сабзида бошад, сармо мезанад. Бинобарон дар ноҳияҳои иқлими зимистониаш хунук коридани пиёз дар ин мӯҳлат тавсия дода намешавад.

Барои коридани пиёзи аввали баҳорӣ заминро тирамоҳ шудгор карда, аввали баҳор пеш аз кишт чизел сихмола ва мола карда, тайёр намудан зарур аст. Пас аз коридан, баробари саросар сабзида баромадани пиёз, пеш аз обёрии якумин ҷӯйборҳоро мекашанд.

Пиёзи охири тобистону-аввали тирамоҳиро пас аз ғунучини ҳосили сабзавотҳои барвақтӣ мекоранд ва якбора ҷӯйборҳоро мекашанд. Пас аз коридан ҳатман обёрӣ мекунанд.

Барои гирифтани ҳосили пиёзи сабз тухмиро моҳи август мекоранд. Пиёзи дар ин мӯҳлат кишт кардашуда аз тирамоҳ то аввали баҳор ҳосили баргу пояи сабз медиҳад. Пиёзи дар ин моҳ коридашударо баъзан барои ҳосили бехпиёз гирифтан мемонанд. Лекин дар ин ҳол аксари онҳо гулпоя ба вуҷуд оварда, гул мекунад. Дар натиҷа ҳосили сифатан паст ва миқдоран ками бехпиёзу тухмӣ мегиранд. Барои пешбинӣ кардани ин ҳолат саривақт гулпояҳои нав ривоҷ ёфтаистодаро канда партофтан лозим аст. Бо ин роҳ ҳосили дилхоҳи хушсифатро моҳи июн гирифтан мумкин аст. Ҳосили дар ин мӯҳлат гирифтаро одатан то саршавии зимистон истеъмол менамоянд.

Тухми пиёзро тар нокарда хушк мекоранд. Баъзан барои зудтар сабзидани тухмӣ онҳоро дар давоми як шабонарӯз дар об тар мекунанд. Пеш аз коридан тухмиро бо хокаи заҳрхимикати ТМТД (4-5 г/кг) безарар кардан зарур аст. Ин усул касалии пӯсиши гарданаки пиёзро пешгирӣ менамояд.

Меъёри кишти тухмӣ:

  • ҳангоми кишти аввали баҳорӣ барои дуқатора коридан бо истифодаи тухмипошак – 8 кг/га.
  • ҳангоми кишти тирамоҳӣ — 12 кг/га.
  • барои кишти зимистона – 15-16 кг/га.
  • барои кишти пиёзи кабуд, ки моҳи август корида мешавад -25-30 кг/га.

Кишти пиёзро бо истифодаи тухмипошаки СОН-2,8А мекоранд. Пиёзро бо усули тасмагӣ, хатакии 2-3 қатора байни тасмаҳо 50-60см ва байни хатакҳо 15-20см мекоранд. Баробари сабзида баромадани пиёз алафҳои бегона ҳам месабзанд. Бинобарон то 15-20см қад кашидани баргу пояи он 3-4 маротиба хишова кардан лозим меояд. Ин яке аз муҳимтарин кори нигоҳубини пиёз мебошад. Агар ин кор саривақт гузаронида нашавад, ҳосилро тамоман аз даст додан мумкин аст.

Ягонаи аввалини киштро баробари 6-8см баланд шудани пиёз мегузаронанд. Дар ҳар 3-5см яктогӣ растанӣ ҷойгир мекунанд. Ягонаи дуюмин ва ояндаро баробари 15-20см баланд шудани пиёз мегузаронанд ва байни растаниҳоро 7-8 см мемонанд. Пиёзҳои аз ягонаи якумин ҷамъшударо ҳамчун пиёзи кабуд истифода бурдан оқилона аст. Пиёзҳои аз ягонаи дуюмин захирашударо ҳамчун кӯчат истифода бурдан мумкин.

Дар давоми давраи нашв нурии минералии азотиро вобаста аз ҳосилхезии замин се маротиба, то 90кг/га ҳамчун озуқа додан мувофиқи мақсад аст. Озуқаи якуминро ҳангоми ба амал омадани 2-3 баргҳои ҳақиқӣ додан хуб аст. Озуқаи дуюминро баробари 6-8 баргҳои ҳақиқӣ ба вуҷуд омадан ва сеюминашро дар айёми ривоҷ ёфтани бехпиёз даровардан лозим мебошад. Дар давраи нашв 4-5 култиватсия ва 2-маротиба замини киштро нарм кардан хуб аст. Заминҳои тирахоки оби зеризаминиаш чуқур бударо дар моҳи май-июл ҳар 6-7 рӯз обёрӣ кардан зарур мебошад. Вақте ки авҷи растанӣ суст шуд, ҳар 8 — 10 рӯз як маротиба обёрӣ кардан кифоя аст.

Бар зидди касалиҳои занбӯруғӣ, занг ва гард задани баргҳо пошидани маҳлули бордосии 1 %, ХОМ-0,5%, С(ц)енеб — 0,04%, Каптан-0,7% тавсия дода мешавад.

Бар зидди касалии пӯсиши гарданаки бехпиёз дар мудати 10-12 соат гарм кардани ҳосили ҷамъовардашуда тавсия шудааст.

Бар зидди магаси пиёз бояд кишгардон риоя карда шавад: тухмӣ бояд бо заҳрхимикатҳои Пентахлорам, Метафос ва Фосфамид безарар карда шавад.

Бар зидди трипс, ширинча, магаси пиёз дар давраи нашв пошидани Нурелл-Д (15-20г./10-12л об) ва ё Би-58 «новый» 20-30мл/10 л об мувофиқи мақсад аст.

Аз пухта тайёр шудан ҳосил хушк шудани пӯстлохи гарданаки бехпиёз ва зард шуда хамидани баргҳои он гувоҳӣ медиҳад. Ҳосили миёнаи бехпиёз вобаста ба навъҳо ва ҷои маҳалли парвариш 35-40 тонна мебошад. Ҳосилро дастӣ ва ё бо пиёздараваки ЛКГ-1,4 ҷамъ менамоянд. Баргҳои бехпиёзи ҷамъ кардашударо 4-5см болотар бурида мепартоянд. Ҳангоми аз ин пасттар буридан бехпиёз аз касалиҳои занбӯруғӣ сироят диданаш мумкин.

Сипас ҳосилро дар рӯи замини офтобрас як қабат хобонда хушк мекунанд. Бехпиёзҳои ҷамъоварикардашударо дар анборҳои ҳавогардиаш хуб ва хушк дар рӯи рафҳо бо қабати то 30-40см ё ин ки дар қуттиҳои ғунҷоишаш то 15кг нигоҳ медоранд.

Ҳарорати беҳтарин барои нигоҳ доштани бехпиёз + 0,5-10С мебошад. Намии ҷои бехпиёз нигоҳдоштамешуда бояд 80-85% бошад.

Акбар Мухамедов