То ба рӯзҳои наздик аксарияти сабзавоткорони мамлакат оид ба парвариши брокколи таҷрибаи кофӣ надоштанд. Брокколи бо соддагии худ ва қобилияти парвариш дар шароити гуногуни иқлим маъмул аст. Ба ғайр аз он ҳосилро на танҳо дар шароити гармхона, балки дар заминҳои кушод низ рӯёнидан мумкин аст.
Брокколи сабзавоти хеле фоидабахш буда, аз рӯи меъёри таркиби витамини А дар байни зироатҳои ба ҳам монанд дар ҷои аввал меистад.
Брокколи растании яксола буда, наздиктарин оилаи гулкарам ҳисобида мешавад. Он аз гулкарам бо гулҳои ранги сабз фарқ мекунад. Инчунин, аз ҷиҳати миқдори витаминҳо аз гулкарам хеле бартарӣ дорад.
Интихоби ҷой ва кишт: Бояд қайд кард, ки сабзавоти бурунмарзӣ оддӣ нест. Технологияи парвариши он ба парвариши гулкарам монанд аст. Кӯшиш кунед, ки барои кишт майдони ҳамвор ва р авшан пайдо кунед.
Бо риояи киштгардон, Шумо метавонед ҳосилнокиро баланд бардоред. Тавсия дода мешавад, ки брокколиро пас аз зироатҳои лӯбиёгӣ, ғалладона, картошка, сабзӣ ва бодиринг кишт кунед. Ҳангоми кишти брокколи пас аз дигар намудҳои карам, шалғамча ва лаблабу, сараш хуб баста намешавад ва ҳосили хуб ҳам намедиҳад. Парвариши пай дар паи брокколи дар як ҷо низ идеяи хуб нест.
Пеш аз кишти брокколи бояд ба замин моддаҳои ғизоӣ дароварда шавад: 5 – 6 кг/м2 поруи органикӣ (компост, поруи пӯсида); 40 г/м2 суперфосфат; 15 г/м2 калий хлор.
Пеш аз кишт тухми брокколи бояд безарар карда шавад, ки сабзиши онҳоро зиёд мекунад. Коркарди он чунин аст:
- тухмии интихобшударо ба дока андохта, онҳоро дар оби то 500С гармшуда 15 — 20 дақиқа тар кунед;
- пас 1 дақиқа ба оби хунук дохил намоед;
- 1 қошуқ хокистарро ба 1 литр об омехта карда, 2 шабонарӯз нигоҳ доред. Баъд филтр кунед;
- Пеш аз кишт, тухмҳоро дар ин маҳлул 8 соат тар карда, баъдан онҳоро хушконида кишт кунед;
Барои парвариши кӯчати броколлӣ аз қуттиҳои чӯбини 30см ба 50см истифода бурдан тавсия дода мешавад. Ҳангоми кишт чуқурии ҷойгиршавии тухмӣ 1,5 см ва масофаи байни тухмиҳо 3 см бояд бошад. То сабзиши тухмӣ ҳарорати 200С нигоҳ дошта шуда, баъди сабзиш ҳароратро то ба 8-100С паст карда, ба муддати як ҳафта ва баъд дар ҳарорати 14-160С нигоҳ доред. Баъди омода шудани кӯчати брокколӣ, метавонед ба замини кушод онро шинонед.