Пухтарасии навъҳои тирамоҳӣ ва зимистонаи нок низ ба мушоҳида мерасад. Яке аз нишонаҳои пухтани мева ин сиёҳ шудани тухмаки дохили мева мебошад. Ҷамъоварии номувофиқ ва дер боиси тез ба пӯсиш шурӯъ намудани меваҳо дар анборхона ё сардхонаҳо мегардад. Яъне, меваи чидашуда қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад.

Новобаста аз пухтарасии меваҳо нигоҳубини дарахтон бояд дуруст ба роҳ монда шавад. Дар ин айём обёрӣ ва муҳофизат намудан аз ҳашаротҳои зараррасон зарур мебошад. Агар дар дохили боғ ҳашаротҳои зараррасон ба мушоҳида расад, ҳатман бо заҳрдоруҳои  Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) дарахтони нокро коркард намоед.

Меваи нокро беозор ҷамъоварӣ намуда, дар дохили қуттиҳо қабат ба қабат гузоштан лозим аст. Дар байни қабати меваҳо агар қоғаз гузоред, боиси зарба нахӯрдани меваҳо мегардад. Барои дурудароз нигоҳ доштани меваи нок сардхонаҳо лозим аст. Дар дохили сардхонаҳо меваи нок бо қуттиҳо ҷойгир карда мешавад. Ҳарорати дохили сардхона барои нигоҳдории нок -1 то 00 С мебошад. Навъи “Ноки ғармӣ” барои нигоҳдории дуру дароз дар шароити сардхона бениҳоят мувофиқ аст.

ЯК МОҲ ПЕШ АЗ ҶАМЪОВАРИИ МЕВАҲО ПОШИДАНИ ЗАҲРДОРУҲО ҚАТЪ КАРДА МЕШАВАНД.

Хурсандӣ Сафаралиев