Дар моҳи октябр бо зарурат обёрии кӯтоҳмуддат гузаронед. Инчунин, буриши санитарӣ, тоза намудан аз алафҳои бегона дар байни дарахтон ва ҷӯйборҳои обёрӣ.
Дар моҳи октябр, баъди чиниши ҳосил дар минтақаҳои кӯҳӣ буриши санитарӣ гузаронида шавад. Ҷамъоварии поруҳои органикӣ, тайёр кардани компост, даровардани поруҳои пӯсида ба байни қаторҳои зардолу, нармкунии байни қаторҳо ва побел кардани таги дарахтҳо аз корҳое ҳи собида мешаванд, ки иҷрои онҳо дар моҳи октябр самараи хуб медиҳад.
Инчунин, муҳофизат кардани навниҳолҳо аз зараррасони хоянда (харгӯш ва буз) тавсия дода мешавад. Сафед кардани танаи навниҳолҳо бо оҳак, хоки тоза, Би 58-и нав ва поруи чорворо якҷоя намуда ба танаи дарахт молидан зарур аст.
Максут Отабеков