Кишти гандум дар моҳи октябр давом дорад. Тайёр кардани замин барои кишти гандум, яъне обёрӣ кардани гандуми киштшуда, пеш аз ҷуфткунӣ даровардани нуриҳои минералӣ (аммофос 200 кг, карбамид 50 кг ва 15-20 тонн поруҳои органикӣ), ҷуфткунӣ бо чуқурии 25-30см. Интихоби тухмиҳо, тайёр намудани он барои кишт, яъне тоза кардани тухмиҳо аз алафҳои бегона, заҳролудкунӣ бо доруҳои Максим ХL (1,0 л бо 10л об омехта), Витавакс 200ФФ, 34% в.с.к (1,5-2,0 л бо 10 л об омехта), ДИВИДЕНТ ЭКСТРИМ 115т.к.с (0,4кг бо 10л об омехта) ба 1000 кг гандум истифода бурда мешавад.
Мӯҳлати кишт аз иқлими минтақаҳо вобаста аст. Масалан: саршавии кишти гандуми тирамоҳӣ барои вилояти Суғд аз 10 сентябр то 20 октябр муайян шудаст. Меъёри кишти тухмӣ 180-250 кг ба 1 гектар аст. Барои кишт вазни 1000 дона тухми гандум бояд зиёда аз 47гр бошад. Истифодаи тухмҳои репродуксияиҳои RI – RII тавсия дода мешавад. Агар кишт моҳи октябр гузаронида шавад, он гоҳ меъёри тухмиро нисбат ба моҳи сентябр 10% зиёд кунед. Баъди кишти тухми гандум, ҳатман обёрикунии киштзор гузаронида шавад.
Махсут Отабеков