Корҳои агротехникие, ки дар моҳи сентябр бояд иҷро карда шавад ин ба итмом расонидани ғунучини ҳосили барвақтӣ мебошад. Инчунин гузаронидани кишти такрории ҷуворимакка, каландкунӣ, нармкунии байни қаторҳо, ғизодиҳӣ аз барг, обёрикунӣ, мубориза бар зидди ҳашаротҳо, алафҳои бегона ва касалиҳо мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.
Мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасони куяи ҷуворимакка (кукурузный мотелек) ду маротиба ҳангоми аз 10-то 15 см шудани растании ҷуворимакка бо инсектитсиди Нурелл Д (барои 1 га 0,5 литр бо 300 литр об) бояд гузаронида шавад. Дуюм маротиба вақти 45-50 см шудани баландии ҷуворимакка бояд бо инсектитсиди Энжио (барои 1 га 250мл) ё Аваунт (барои 1 га 0,450л), Моспилан (барои 1 га 0,3-0,4кг-ро бо 300литр об омехта карда) бояд коркард гузаронида шавад.
Саривақт ва босифат гузаронидани корҳои агротехникӣ афзоиши касалиҳоро пешгирӣ менамояд. Ғизодиҳӣ аз барг ва реша бо Агровитамин (барои 1 га 0,5-1,0 л бо 300 литр об) ва ё ғизоҳои ширкати Кода (барои 1 га 1,0-2,0л бо 300 л об омехта), 1 маротиба бо фосилаи 10 рӯз якҷоя бо обмонӣ гузаронида мешавад.
Дар ин марҳила, аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон барои расонидани зарар рушд ёфта истодаанд. Дар киштзор истифодаи домҳои феромонӣ, трихограмма, габрабракон самараи хуб медиҳад.
Максут Отабеков