Пухтарасии навъҳои тирамоҳии себ низ ба назар мерасад. Яке аз нишонаҳои пухтани мева ин сиёҳ шудани тухмаки дохили мева мебошад. Ҷамъоварии номувофиқ ва дер боиси тез ба пӯсиш шурӯъ намудани меваҳо дар анборхона ё сардхонаҳо мегардад. Яъне, қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад. Новобаста аз пухтарасии меваи себ бояд нигоҳубини дарахтон дуруст ба роҳ монда шавад, ки барои соли оянда замина мегардад.
Барои рушди меваҳои навъҳои тирамоҳию зимистона ғизодиҳӣ ва обёрӣ дар ин давра бениҳоят зарур аст. Ғизодиҳии ғайрирешагиро бо истифода аз Nutrivant fruit (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) истифода намоед.
Дар ин моҳ бисёр ҳашаротҳои зараррасон дар дохили боғ пайдо мешаванд. Истифодаи домҳои феромонӣ ва ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди Трихограмма, Габрабракон ва Тиллочашмак бисёр самарабахш аст. Дар мавриди пайдоиши ҳашаротҳои зараррасон ба мисоли сипарболак, ширинчаҳо, мевахӯраки себ ва тортанаккана инсектитсид акаритсиди Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) — ро истифода намоед. Як моҳ пеш аз ҷамъоварии меваҳо пошидани заҳрдоруҳо мумкин нест. Меваи себро дар вақти ҷамъоварӣ беозор ҷамъоварӣ намуда, дар дохили қуттиҳо қабат ба қабат гузоштан лозим аст. Барои дуру дароз нигоҳ доштани меваи себ сардхонаҳо лозим аст. Дар дохили сардхонаҳо меваи себ бо қуттиҳо ҷойгир карда мешавад.
Хурсандӣ Сафаралиев