Корҳои агротехникие, ки дар моҳи сентябр бояд иҷро карда шавад, ғизодиҳӣ аз барг, обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо, рост кардани полокҳо ва гардонидани меваҳои харбуза, мубориза бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳо, нест кардани алафҳои бегона ва ғунучини ҳосили пухтарасида мебошад. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.
Ғизодиҳӣ аз барг ва аз реша бо Агровитамин ( аз барг барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об ва аз реша 2-5л/га маҳлул бо якҷоягӣ дар вақти обёрӣ дода мешавад) ва ё Изобион (барои 1 га 1,0л бо 300 л об омехта) 1 маротиба бо фосилаи 10 рӯз якҷоя бо обёрӣ гузаронида мешавад.
Барои муҳофизат аз касалии фузариоз риоя намудани киштгардон, истифода бурдани ғизоҳои калийдор, ғизодиҳӣ аз барги растанӣ (ғизоҳои фосфордор), бар зидди гардзанӣ (мучнистая роса) коркард бо фунгитсиди Топаз (барои 1 га 150-200 мл-ро бо 300 л об), бар зидди пӯсиши реша (корневая гнил) коркард бо Курзат Р дар вақти пайдошавии касалӣ (барои 1 га 25 гр-ро бо 10 л об омехта), пошидан ва якбора ба реша рехтан тавсия дода мешавад. Барои касалии занг, антракнози полезиҳо Тилт (барои 1 га 0,5л бо 300 л об омехта) дар давраи пайдоиши якуми касалиҳо истифода бурдан тавсия дода мешавад.
Ҳангоми пайдоиши кирми харбуза, коркард бо заҳрдоруи Нурелл Д (барои 1га 5 мл-ро бо 10 л об омехта) бо фосилаи ҳар 6-7 рӯз гузаронидан лозим аст. Дар мавриди мавҷуд будани тортанакканаи оддӣ гузаронидани коркард бо Омайт 57% (барои 1 га 1-1,5 л бо 300 л об омехта), ё Вертимектин (барои 1 га 0,6л бо 300-400 л об омехта) коркард гузаронидан зарур аст. 20-30 рӯз пеш аз пухта расидани мева коркарди кимиёвӣ манъ карда мешавад.
Максут Отабеков