Пухтарасии навъҳои тирамоҳии нок низ ба мушоҳида мерасад. Яке аз нишонаҳои пухтани мева ин сиёҳ шудани тухмаки дохили мева мебошад. Яъне қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад. Ҷамъоварии номувофиқ ва дер, боиси тез ба пӯсиш шурӯъ намудани меваҳо дар анборхона ё сардхонаҳо мегардад.
Новобаста аз пухтарасии меваҳо нигоҳубини дарахтон бояд дуруст ба роҳ монда шавад. Барои рушди меваҳо ғизодиҳӣ ва обёрӣ дар ин давра бениҳоят зарур аст. Барои навъҳои зимистона метавонед ғизодиҳии ғайрирешагиро бо Nutrivant fruit (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта) гузаронед.
Дар ин давра аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон ба монанди тортанаккана, кирми мева ба дарахтон ва меваи нок зарар мерасонанд. Дар мавриди пайдоиши ин зараррасонҳо бо заҳрдоруҳои Тигр ПРО (барои 1 га 1,5 л-ро ба 1000 л об омехта) дарахтони нокро коркард намоед. Як моҳ пеш аз ҷамъоварии меваҳо пошидани заҳрдоруҳоро манъ кунед.
Меваи нокро дар вақти ҷамъоварӣ беозор ҷамъоварӣ намуда, дар дохили қуттиҳо қабат ба қабат гузоштан лозим аст. Барои дуру дароз нигоҳ доштани меваи нок сардхонаҳо лозим аст.
Дар боғ истифодаи домҳои феромонӣ, равшанидиҳанда ва истифодаи ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди Трихограмма, Габрабракон ва Тиллочашмак бисёр самарабахш аст.
Реҷаи обёрӣ бояд мӯътадил ба роҳ монда шавад, то ки меваҳо хуб инкишоф ёфта, муғчаҳои ҳосилдиҳанда барои соли оянда ташаккул ёбанд.
Хурсандӣ Сафаралиев