Дар моҳи сентябр ҷамъоварии ҳосили лӯбиёдонагиҳо давом дорад. Инчунин, дар киштзори кишти такрорӣ, ки дар он мош парвариш карда мешавад як қатор корҳои агротехникӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, тавсия дода мешавад, ки обёрии саривақтӣ ва бо меъёр гузаронида шавад. Обёрии саривақтӣ ҳосилнокии лӯбиёдонагиҳоро баланд бардошта, сифати донро хуб мегардонад. Зироатҳои лӯбиёдонагӣ аз давраи гулкунӣ то пухтарасии ҳосил ба об талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ, дар ин давра намии хок бояд дар ҳудуди 70-75% нигоҳ дошта шавад. Вобаста ба шароити иқлим, хок ва талаботи растаниҳо дар давраи нашъунамо ба кишти лӯбиё аз 4 то 6 маротиба бо меъёри 600-650 м³/га об дода мешавад.
Замини кишти мош аз алафҳои бегона бо ёрии техника ва ё дастӣ тоза карда шавад. Ҳангоми гузаронидани коркарди якуми байни қаторҳо бояд нуриҳои азотӣ аз рӯи меъёри 25-30 кг дар як гектар истифода шаванд. Инчунин истифодаи хокистар бо меъёри 300-400 кг дар як гектар барои баландбардории ҳосил мусоидат мекунад.
Акмал Насруллоев