Моҳи июл айёми рушд ва марҳилаи ҳосилғундории сабзавотҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар ин давра ба пайдошавии касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон аҳамият додан зарур аст. Ҳангоми пайдошавии касалии почаи сиёҳ ва ё пӯсиши реша бо маҳлули маргансовкаи 1% ва дар ҳолати вазнин шудан бо маҳлули кории 0,2%-и Курзат коркард мекунанд. 10 гр Курзатро бо 10 л об омехта карда, истифода мебаранд.
Ҳангоми пайдошавии ҳашаротҳои зараррасон бо маҳлули кории 0,1%-и Кораген (барои 0,1 га 10 гр-ро бо 10 л об омехта) ё 0,2%-и Би-58 Нав (барои 0,1 га 20 гр-ро бо 10 л об омехта) коркард мекунанд.
Дар минтақаи агроиқлимии Қурама, ки ноҳияҳои Ашт, Б. Ғафуров ва ш. Истиқлолро фаро мегирад, дар моҳи июл ҳавои гарм ба қайд гирифта мешавад. Рӯзона, дар вақти баланд шудани ҳарорат ду тарафи плёнкаи гармхонаро кушода мондан тавсия мешавад. Агар имконият бошад, аз тӯрҳои сояафкан истифода баред.
Кӯчатҳои сабзавотро бо Агровитамин коркард кардан тавсия дода (барои 0,1 га 15-20 гр-ро бо 10 л об омехта), ба растаниҳо мепошанд. Дар дохили гармхонаҳо домҳои равшанидиҳанда, ё феромонӣ ва варақаҳои часпак гузоред. Ин боиси несту нобуд гардидани ҳашаротҳои зараррасон мегардад.
Инчунин дар моҳи июл аз сабаби гармии баланд талаботи сабзавотҳои гармхонагӣ ба об баланд мешавад ва вобаста ба намии хок тез тез гузаронидани обёрикунии сабзавот тавсия дода мешавад.
Акмал Насруллоев