Корҳои агротехникие, ки дар ин моҳ бояд иҷро карда шавад каландкунӣ, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг, обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо, рост кардани полокҳо, нест кардани алафҳои бегона, нармкунии пуштаҳо мебошанд.

Ғизодиҳӣ аз барг ва аз реша бо Агровитамин – (барои 1 га 0,5 л-ро бо 300 л об) ва ё Изобион (барои 1 га 1,0л-ро бо 300 л об) 3 маротиба бо фосилаи 10 рӯз якҷоя бо обёрӣ гузаронида мешавад.

Барои мубориза бар зидди ҳар хел ҳашаротҳо олтингӯгирди хокаро (аз 15-30кг барои 1 га) ба тарзи чанголудкунӣ истифода баред. Барои муҳофизат аз фузариоз риоя намудани киштгардон, ғизодиҳӣ аз барги растанӣ (ғизоҳои фосфордор), аз гардзанӣ (мучнистая роса) коркард бо фунгитсиди Топаз (барои 1 га 150-200 мл-ро бо 300 л об), пӯсиши реша (корневая гнил) коркард бо Курзат Р дар вақти пайдошавии касалӣ (барои 1 га 25 гр-ро бо 10 л об омехта) пошидан ва якбора ба реша рехтан тавсия мешавад.

Ҳангоми пайдоиши кирми харбуза коркард бо заҳрдоруи Энжио 24,7% (барои 1 га 3 мл-ро бо 10 л об омехта) ва ё Нурелл Д (барои 1 га 5 мл-ро бо 10 л об) бо фосилаи ҳар 6-7 рӯз гузаронидан лозим аст. Дар мавриди мавҷуд будани тортанакканаи оддӣ гузаронидани коркард бо Омайт 57%(барои 1 га 1-1,5 л-ро бо 300 л об), Вертимек (барои 1 га 0,3-0,5 л-ро бо 300-400 л об) коркард кардан зарур аст.

Махсут Отабеков