Моҳи июл айёми ҳосилбандӣ ва ғунунчини ҳосили лӯбёдонагиҳо мебошад.
Лӯбиёдонагиҳо ба истифодаи нуриҳо бисёр ҳасос мебошанд. Асосан меъёри солонаи нуриҳои фосфордор ва поруро пеш аз коркарди хок ба замин ворид менамоянд. Меъёри тавсияшудаи пору 10-15 тонна ва фосфор 50 кг ба 1 га мебошад.
Гарчанде ки лӯбиёдонагиҳо зироати нитрогенҷамъкунанда ба шумор раванд ҳам, лекин дар давраи аввали нашъунамо то рушди фаъоли бактерияҳои нитрогенҷамъкунанда, растаниҳои ҷавон ба нурии азотӣ талаботи зиёд дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми кишт ё гузаронидани коркарди якуми байни қаторҳо бояд нуриҳои азотӣ аз рӯи меъёри 25-30 кг дар як гектар истифода шаванд. Инчунин истифодаи хокистар бо меъёри 300-400 кг дар як гектар барои баландбардории ҳосил мусоидат мекунад.
Лӯбиёдонагиҳо нисбати дигар зироатҳои кишоварзӣ моддаҳои ғизоиро аз хок камтар мегиранд. Одатан дар давраи нашъунамо 78%- и нитрогени барои рушду нумӯъ заруриро аз ҳисоби нитрогени лӯндабактерияҳо захира намуда, истифода мекунанд. Онҳо инчунин қобилияти хуби азхудкунии моддаҳои ғизоие мебошанд, ки дар шакли пайвастагиҳои душворҳалшаванда мавҷуданд, ба мисли пайвастагиҳои фосфорӣ. Аз ин лиҳоз даровардани нуриҳои иловагӣ, коркарди замин, тоза кардан аз алафҳои бегона чорабиниҳои зарурӣ дар моҳи июл мебошанд.
Инчунин дар минтақаи агроиқлимии «Қизилсу», ки ноҳияҳои фарогиранда Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Норак, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ мебошанд, дар охири моҳи июл кишти такрории лӯбиёдонагиҳо гузаронида мешавад. Барои ҳамин интихоби тухми хушсифат, коркарди дурусти замин ва кишт бояд дуруст ба роҳ монда шавад.
Акмал Насруллоев