Моҳи июл барои зироати картошка ба итмом расонидани чиниши ҳосили барвақтӣ, гузаронидани корҳои агротехникӣ (нармкунӣ, каландкунӣ, хоккашкунӣ, обёрӣ, мубориза бар зидди ҳашаротҳо ва касалиҳо) мебошад. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани нашъунамои картошка ғизодиҳӣ аз барг бояд гузаронида шавад.
Ғизодиҳиро аз барг дар вақти калоншавии лӯндаҳо бо маҳлули макро-микроэлементҳо, Агровитамин (барои 1 га 0,5л-ро бо 300 л об омехта) коркард кунед. Додани ғизои органоминералӣ Изабион (барои 1га 1 л-ро бо 300л об омехта) маводҳои ширкати Кода (барои 1 га аз 0,3 то 1,0л) коркард аз барг ва реша 2 – 4 кг/га бо обёрӣ тавсия дода мешавад. Ғизодиҳии асосӣ як маротиба гузаронида мешавад. Гузаронидани коркард дар вақти бегоҳирӯзӣ ва салқинии ҳаво тавсия дода мешавад.
Барои мубориза бар зидди куяи картошка ва кирми тирамоҳӣ бояд бо инкеститсиди Данадим Эксперт (барои 1га /1,5-2 литр бо 300 литр об омехта) дар вақти нашъунамо 30 рӯз пеш аз ғунучини ҳосил коркард кунед.
Барои касалии фитофтора бо фунгитсиди Курзат (барои 1 га 2 кг-ро бо 300 л об омехта) дар вақти пайдошавии касалӣ коркард намоед.
Махсут Отабеков