Пору, торф, саргини паррандаҳо, компостҳо, нурии сабз ва ғайраҳо нурии органикиро ташкил медиҳанд. Дар байни нуриҳои органикӣ пору нурии асосӣ ва ҳамаҷониба паҳн гардида ба шумор меравад. Ҳамаи нуриҳои органикӣ нуриҳои маҳаллӣ мебошанд.

Истифодабарӣ: Пас аз пошидани пору онро фавран бояд 25-30 см зери хок намуд. Меъёри истифодаи пору дар шароити Тоҷикистон мухталиф буда, он ба зироати киштшаванда, пешинакишт ва хусусиятҳои хок вобастагӣ дорад.

Пору бештар дар кишти зироатҳои сабзавотӣ, пахта ва дигар зироатҳои байни қаторашон нармшаванда аз ҳисоби 25-30 т/га андохта мешавад.

Дар хокҳои регдор бо сабаби тез пӯсидани пору таъсири он ба ҳосил 1-2 сол давом дорад.

Меъёри тахминӣ, мӯҳлатҳои истифода ва тарзи зери хок намудани пору.

Зироатҳои кишоварзӣ Меъёри тахминӣ, т/га Мӯҳлати истифода Тарзҳои зери хок намудани пору
Пахта 35-50 Пеш аз шудгор Зери плуг
Ҷуворимакка 30-35 Пеш аз шудгор Зери плуг
Сабзавот то-40 Пеш аз кишт Зери плуг

 

Акмал Насруллоев