Дарахтони себ низ дар айёми ташаккулёбии мева қарор доранд. Дар минтақаҳои гарми агроиқлимии ҷумҳурӣ навъҳои маҳаллии пешпази себ аллакай пухта истодаанд. Дар навъҳои миёнапаз ва дерпази себ ягонакуниро фаромӯш накунед. Дар ин моҳ қисман меваҳои ташаккулёфта бо таври табиӣ, бинобар сабаби норасоии таъминоти элементҳои ғизоӣ, мерезанд. Ба ҳар ҳол, дар бисёр маврид боз дар шохсори дарахт ҳосили бисёр боқӣ мемонад. Барои гирифтани меваи ҳаҷман калон ва хушсифат, инчунин ҳамасола рӯёнидани ҳосил (солбанд нашудан) ягонакунӣ, яъне ба танзим даровардани ҳосилбандӣ нақши муҳимро мебозад. Шумораи меваҳо бо як дараҷаи муайян дар шохсори дарахтон гузошта мешавад.
Инчунин баъд аз ин боронҳои бардавом боз пайдоиши касалиҳои занбӯруғӣ дар назар аст. Барои пешгирӣ намудан аз касалии қӯтурак ва гардзанӣ препарати Скорро (барои 1 га 300 мл-ро бо 1000 л об омехта) истифода намоед. Паҳншавии касалии сӯзиши бактериявӣ низ дар назар аст. Агар шумо коркарди профилактикӣ бар зидди ин касалӣ нагузаронида бошед, ҳатман онро дар назар гиред. Барои пешгирӣ намудан аз ин касалӣ препарати Алиет (барои 1 га 1,5-3 кг-ро бо 1000 л об омехта)-ро метавонед истифода баред.
Дар ин вақт аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон барои расонидани зарар рушд ёфта истодаанд. Дар боғ истифодаи домҳои феремонӣ ва истифодаи ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди Трихограмма, Габрабракон ва Тиллочашмак бисёр самарабахш аст. Дар мавриди пайдоиши ҳашаротҳои зараррасон ба мисоли сипарболак, ширинчаҳо, мевахӯраки себ ва ғайра инсектитсиди Актеллек (барои 1 га 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (1,5-2,0 л-ро ба 1000 л об омехта) истифода намоед.
Реҷаи обёрӣ бояд мӯътадил ба роҳ монда шавад. Агар шохсор бениҳоят анбӯҳ гардида бошад, метавонед қисман навдаҳои нолозими навсабзидаро бурида партоед. Ин амал расидани нури офтобро ба дохили шохсор хуб карда, ташаккулёбии муғчаҳои ҳосилдиҳандаро метезонад. Чорабиниҳои мазкур барои моҳи июн барои боғи себ тавсия карда мешавад.
Хурсандӣ Сафаралиев