Дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқовимати муҳоҷиронро ба омилҳои беруна дар шароити бӯҳрони COVID-19тақвият мебахшад.
Обидҷон Раҳмонов ягона мақсад дошт: соҳибкори кишоварзӣ шудан ва пеш бурдани тиҷорати истеҳсоли сабзавот. Ин орзу ба назар хеле душвор менамуд, вале Обидҷон тӯли зиёда аз ду сол дар хориҷа, дар Маскав кор кард, то барои таъмини оилааш маблағи кофӣ кор кунад ва барои оғоз кардани тиҷорати худ каме пасандоз ҷудо намояд.
Дар охири соли 2018 вақте, ки Обидҷон аз Маскав баргашт, ФАО як ташаббуси навро дар шаҳри ӯ оғоз карда буд. Лоиҳаи пилотӣ ба баланд бардоштани самаранокии маблағҳои интиқолии муҳоҷирон, ки дар хориҷа ба даст овардаанд, тамаркуз менамуд. Лоиҳа ба баҳрагирандагони худ, ки 50 фоизи маблағҳои шахсии худро барои таъсиси тиҷорати хурди кишоварзӣ равона мекунанд, имкони гирифтани гранти ҳиссавиро аз ФАО барои 50 фоизи боқимонда таъмин менамуд. Лоиҳа, ки барои равона кардани маблағҳои интиқолӣ ба сармоягузории соҳаи кишоварзӣ кӯмак мерасонад, инчунин омӯзиши малакаҳои соҳибкорӣ мегузаронад.
Обидҷон дарҳол дарк намуд, ки чунин гранти ҳиссавӣметавонад талошҳои ӯро барои таъсиси иқдоми сабзавотпарварӣ суръат бахшад.
«Дастрасӣ ба қарз бо фоизи паст дар ҳоли ҳозир қариб ки нест. Имкониятҳои дастгирии сармоягузорӣ барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба истеҳсолкунандагони хурд кифоя нестанд», мегӯяд Обидҷон. «Лоиҳаи пилотии грантҳои ҳиссавӣ аз дастгирии оддӣ бештар шуд: ман чӣ қадаре, ки сармоягузорӣ кардам ҳамон қадар маблағ гирифтам. Инчунин ба ман барои ташкили тиҷорати худ маслиҳатҳои муфид пешниҳод шуданд»,мегӯяд ӯ.
Бе каму кост
Ба ҷои баргаштан ба Маскав барои пулкоркунӣ, Обидҷон барои гирифтани гранти ҳиссавии ФАО муроҷиат кард. Ҷолибияти бизнес-нақшаи ӯ як гармхонаи муосир буд. Дар ҳоле ки ӯ дар деҳот ба камол расида буд, ӯ аз таҷрибаи худ медонист, ки парвариши сабзавот дар майдони кушод душвор аст. Ҳосил аз иқлими пешгӯинашаванда вобаста аст. Аммо, дар гармхона бо системаи гармидиҳӣ ӯ метавонад тамоми сол сабзавот ва кабудии тару тоза истеҳсол кунад ва дар натиҷа даромади устувор ба даст орад.
Лоиҳаи пилотии FAO пешниҳоди Обидҷонро пазируфт. Ӯ пулҳои дар Маскав коркардаашро сармоягузорӣ кард ва ин дар якҷоягӣ бо грант ба ӯ имкон дод, ки соҳиби як гармхонаи масоҳаташ 340 м2 гардад, ки бо технологияҳои муосир сохта ва муҷаҳҳаз гардонда шудааст, аз қабили гармидиҳии камхарҷ, системаи обёрии қатрагӣ ва системаи вентилятсионӣ. Иқтидори истеҳсоли рӯзонаи гармхона то 60 килограммбодиринг мебошад. Фурӯши сабзавоти тару тоза даромади мунтазами оилаи ӯро кафолат медиҳад ва бозори маҳаллиро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда, иқтисодиёти маҳаллиро рушд медиҳад. Ин ҳамчунин ба ӯ имкон медиҳад, ки дар ватани азизи худ кор кунад то оилаашро таъмин кунад, на ин ки дар хориҷа.
Дар қатори Обидҷон, боз 39 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ тавонистанд ба шарофати грантҳои ҳиссавии ФАО ва омӯзиши гузаронидашудаидеяҳои тиҷоратии худро амалӣ намоянд. Фаъолиятҳои онҳо механиконии кишоварзӣ, истеҳсоли меваҳои хушк, боғдорӣ, парвариши зироатҳодаргармхона ва чорводориро дар бар мегиранд.
Оқибатҳои СOVID-19
Обидҷон яке аз муҳоҷирони меҳнатии зиёди кишвараш буд, ки барои ҷустуҷӯи кор ва равон кардани маблағ ба оилаҳояшон ба хориҷи кишвар, ба Русия сафар мекарданд. Умуман, Тоҷикистон яке аз манбаҳои бузургтарини муҳоҷирати меҳнатӣ дар минтақа ба шумор меравад. Аммо, пас аз он ки COVID-19 тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, бисёр кишварҳо марзҳояшонро бастанд ва муҳоҷирон дар шароити хеле бад қарор гирифтанд.
Қисмати зиёди мардуми ҷомеаҳои Обидҷон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ё дар истеҳсоли маҳсулоти мавсимии кишоварзӣ кор мекунанд — ҳарду намуди фаъолиятҳо дар навбати аввал аз пандемияи ҷаҳонӣ зарар диданд. Бо таҷрибаи бомуваффақи таъсиси тиҷорати кишоварзии худ, ҳоло Обидҷон ба дигар муҳоҷироне, ки эҳтимоли пеш бурдани чунин фаъолиятро доранд,маслиҳатҳои муфидмедиҳад.
«Ҳамсояҳои ман муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Айни замон онҳо бо сабаби маҳдудияти сафар ба Русия рафта наметавонанд; бинобар надоштани маблағ онҳо наметавонанд, тиҷорати худро оғоз кунанд. Грантҳои ҳиссавӣ барои дастгирии муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо барои сармоягузорӣ дар оғоз ва пеш бурдани кишоварзии устувор хеле муҳим хоҳанд буд. Маблағҳоеро, ки дар хориҷа кор мекунем ва ба оилаҳоямон равон мекунем, метавонанд оқилона истифода шаванд, агар мо сармоягузориро ба истеҳсоли маҳаллии маҳсулоти озуқаворӣ, таҳкими амнияти озуқавории хонаводаҳои худ ва дастгирии иқтисодиёти маҳаллии худ идома диҳем», таъкид мекунад Обидҷон.
Лоиҳаи пилотии грантҳои ҳиссавӣ як қисми лоиҳаи ФАО “Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа ба оилаҳои осебпазир дар Тоҷикистон барои муқовимат кардан ба оқибатҳои бӯҳронҳои ҷаҳонӣ, хоҳ пандемия, офатҳои табийё дигар ҳолатҳои бӯҳронӣ мусоидат мекунад. Бо истифода аз қарорҳои инноватсионии кишвар, чунин лоиҳаҳо ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва болоравии иқтисоди деҳот, ҳарду барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунанд.
Барои маълумоти бештар:
Рӯзи байналмилалии интиқоли маблағҳо ба оилаҳо
Сомонаи лоиҳа: Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ
Видео: Тақвияти амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ
Сомона: Хуруҷи сирояти вируси куруно COVID-19
Қайдҳои таҳлилии ФАО: Танзими моделҳои тиҷорӣ барои дастгирӣ кардани корхонаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи пандемияи COVID-19