Дарахтони нок дар айёми ташаккулёбии мева қарор доранд. Ягонакуниро фаромӯш накунед. Дар ин моҳ қисман меваҳои ташаккулёфта бо таври табиӣ бинобар сабаби норасоии таъминоти ғизоӣ мерезанд. Ба ҳар ҳол дар бисёр маврид боз дар шохсори дарахт ҳосили бисёр боқӣ мемонад. Барои гирифтани меваи ҳаҷман калон ва хушсифат, инчунин ҳамасола рӯёнидани ҳосил (солбанд нашудан) ягонакунӣ, яъне ба танзим даровардани ҳосилбандӣ нақши муҳимро мебозад. Шумораи меваҳо бо як дараҷаи муайян дар шохсори дарахтон гузошта мешавад.
Баъд аз боронҳои бардавом боз пайдоиши касалиҳои занбӯруғӣ дар назар аст. Барои пешгирӣ намудан аз касалии қӯтурак ва гардзанӣ препарати Скорро (барои 1 га 300 гр-ро бо 1000 л об ) истифода намоед. Паҳншавии касалии сӯзиши бактериявӣ низ дар назар аст. Агар шумо коркарди профилактикиро бар зидди ин касалӣ нагузаронида бошед, ҳатман онро дар назар гиред. Барои пешгирӣ намудан аз ин касалӣ препарати Алиет (барои 1 га 1,5-3 кг-ро бо 1000 л об омехта) метавонед истифода баред.
Дар ин вақт аллакай бисёр ҳашаротҳои зараррасон барои расонидани зарар рушд ёфта истодаанд. Дар боғ истифодаи домҳои феромонӣ ва истифодаи ҳашаротҳои фоидаовар ба монанди трихограмма, габрабракон ва тиллочашмак бисёр самарабахш аст. Дар мавриди пайдоиши ҳашаротҳои зараррасон ба мисоли сипарболак, ширинчаҳо, мевахӯраки нок ва ғайра инсектитсиди Актеллек (барои 1 га 2 л-ро ба 1000 л об омехта) ва ё Данадим Эксперт (барои 1 га 1,5-2,0 л-ро ба 1000 л об омехта) истифода баред.
Реҷаи обёрӣ бояд мӯътадил ба роҳ монда шавад. Агар шохсор бениҳоят анбӯҳ гардида бошад, метавонед қисман навдаҳои нолозими навсабзидаро бурида партоед. Ин амал имконият медиҳад, ки офтоб дар дохили шохсор хуб нурпошӣ намуда, ташаккулёбии муғчаҳои ҳосилдиҳанда ба вуҷуд ояд.
Хурсандӣ Сафаралиев