Обёрии саривақтӣ ҳосилнокии лӯбиёгиҳоро баланд бардошта, сифати донро хуб мекунад. Зироатҳои лӯбиёгӣ аз давраи гулкунӣ то пухтарасии ҳосил ба об талаботи зиёд дорад. Дар ин давра намии хок бояд дар ҳудуди 70-75% нигоҳ дошта шавад. Вобаста ба шароити иқлим, хок ва талаботи растаниҳо дар минтақаи агроиқлимии Қизилсу (ноҳияҳои фарогиранда: Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Норак, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ) дар моҳи июн ба киштзори лӯбиё бо меъёри 600-650 м³/га об додан тавсия дода мешавад. Реҷаи оби мушунг ба 200-400 м³/га ва нахӯд бошад ба 250-300 м³/га. Вобаста ба талабот оби якумро баъди 10-15 рӯзи баромадани сабза, оби дуюмро пеш аз муғчабарории гул, оби сеюмро ҳангоми саршавии гулкунӣ ва обмонии боқимондаро дар давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ медиҳанд.
Акмал Насруллоев
Махсут Отабеков