Дар моҳи июн асосан корҳои агротехникӣ, ба монанди обёрикунӣ, мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг тавсия дода мешавад. Дар 15 рӯз як маротиба баргҳои лимӯро баъд аз соати 17:00 шӯед. Обёрикунӣ бояд 1 маротиба ҳар 7-8 рӯз (намнокии хок 65-70%) гузаронида шавад. Барои мубориза бар зидди зараррасонҳои тортанаккана ва ширинча бегоҳӣ бо маҳлули Энжио, (барои 1 га 2 мл-ро бо 10 л об ) коркард гузаронидан лозим аст. Ғизодиҳӣ аз барг бо маҳлули Оракул МКС (барои 1 га 20 мл-ро бо 10 л об ) баъд аз гулкунӣ дар вақти мевабандӣ гузаронида мешавад. Барои ғизои асосӣ 50-100 гр Мочевина, Суперфосфат, Калий сулфатро ба ҳар як буттаи лимӯ баъд аз гулкунӣ дар вақти мевабандӣ додан лозим. Инчунин, даровардани нуриҳои органикӣ тавсия дода мешавад. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд.
Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев