Ҳоло давраи авҷи ҳосилдиҳии қулфинай ҳам дар шароити замини кушод ва ҳам дар шароити замини пӯшида мебошад. Дар ин давра бодиққат будан лозим аст, то ҳосили ба даст овардашуда аз касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон нобуд нагардад. Баъд аз боронҳои бардавом ва зиёд гардидани намнокии ҳаво дар киштзори қулфинай туқумшулук пайдо мешавад, ки чорабинии саривақтиро талаб мекунад.
Ҳосили қулфинай тез-тез ва паи ҳам пухта мерасад, аз ин сабаб истифодаи заҳрдоруҳо барои нобуд кардани ҳашаротҳои зараррасон ғайриимкон мебошад.
Баъди ҷамъоварии пурраи ҳосили пухташаванда имконияти истифодаи заҳрдоруҳо пайдо мегардад. Пӯшонидани болои киштзори қулфинай бо тӯрҳо имконият медиҳад, ки растанӣ ва ҳосили он аз ҳашаротҳои зараррасон, парандаҳо ва аз нури баланди офтоб зарар набинад. Дар бисёр давлатҳои тараққикарда қулфинайро дар зери иншоотҳое, ки болояшон бо тӯр пӯшонида шудааст, парвариш мекунанд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.
Растании қулфинай ба ғизонокӣ ва намнокии хок бениҳоят серталаб аст. Дар мавриди истифодаи нуриҳои минералӣ ё ин ки микроэлементҳо ва зиёд будани ғизонокии хок ҳосили он зиёд мегардад. Аз ин рӯ, барои баланд намудани ғизонокии хок кӯшиш намуда, реҷаи обёриро мунтазам назорат кардан лозим аст.
Аз меъёр зиёд будани намнокии хок қулфинайро ба касалиҳои занбӯруғию бактериявӣ дучор мекунад. Дар ин ҳолат, қулфинай ба касалиҳои пажмурдашавии фузариозӣ, вертилиозӣ, гардзанӣ, пӯсиши хокистарранг гирифтор мешавад. Дар мавриди паст гардидани намнокии хок ва хушк будани ҳаво растании қулфинай аз ҳосилдиҳӣ бозмемонад. Дар хотир дошта бошед, ки растании қулфинай растании салқинидӯст, намидӯст ва рӯшноидӯст буда, парвариши он дар зери тӯрхонаҳо натиҷаи хуб медиҳад.
Нарм будани хок низ яке аз роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланди қулфинай мебошад. Байни қаторҳоро мунтазам коркард намуда, нуриҳои азотиро ба воситаи реша ( мочевина) ва ба воситаи барг микроэлементҳоро (барои 1 га Агровитамин — 0,5 л -ро ба 300 л об омехта) додан лозим аст.
Барои осеб ва ифлос нагардидани ҳосили ба дастовардашуда метавонед дар байни қаторҳо аррамайда ва ё коҳи майдаро резед, ки он ҳам барои нигоҳ доштани намнокии хок хизмат мекунад.
Хурсандӣ Сафаралиев