Моҳи июн барои зироати картошка асосан марҳилаи обёрикунӣ мебошад. Ин чорабиниро мувофиқи талаботҳои агротехникӣ, меъёр ва реҷаи обёрӣ гузаронидан лозим аст. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани нашъунамои картошка каландкунӣ, хоккашкунӣ, нармкунии байни қаторҳо ва ғизодиҳӣ аз барг тавсия дода мешавад.
Ғизодиҳиро аз барг дар вақти калоншавии лӯндаҳо, бегоҳирӯзӣ ва ё салқинии ҳаво бо маҳлули макро-микроэлементҳо (барои 1 га Агровитамин – 0,5 л-ро бо 300 л об омехта) гузаронидан лозим аст.
Дар минтақаи агроиқлимии Дилварзин (ноҳияи Мастчоҳ) ва минтақаи Исфара (ноҳияҳои Исфара ва Конибодом) барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ҳамаи ин чорабиниҳоро гузаронидан зарур аст.
Дар минтақаи агроиқлимии Вахш (Кофарниҳон) (ноҳияҳои фарогиранда: Рӯдакӣ – ҷамоати Эсанбой, Н. Хисрав, Шаҳритус) бошад, марҳилаи чиниши ҳосил наздик аст, аз ин лиҳоз, коркарди кимиёвӣ бояд боздошт карда шавад.
Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев