Зардолу дар айёми ғунучин аст. Навъҳои тезпази он аллакай ҷамъоварӣ шуда истодаанд, аз ин лиҳоз меваҳои тезпази онро ба таври дастӣ ва эҳтиёткорона чинед.
Дар моҳи июн барои боғи зардолу чорабиниҳои агротехникӣ, аз қабили обёрӣ ва ғизодиҳӣ аз баргро гузаронидан лозим аст.
Ғизодиҳӣ аз барг ҳангоми калоншавии мева 1-2 маротиба бо маҳлули макро ва микроэлементҳо ба монанди Coda Micro (барои 1 га 0,5 л-ро бо 1000 л об омехта), инчунин маҳлули Оракул МКС (барои 1 га 1,0 л-ро дар 1000 л об омехта) ба барги зардолу пошидан лозим аст.
Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев