- Ҳангоми кор бо заҳдоруҳо ва нуриҳои минералӣ қатъиян қоидаҳои техникаи бехатариро риоя кардан лозим аст.
- Муносибати бепарвоёна бо заҳдоруҳо ва нуриҳои минералӣ боиси касалиҳои гуногун ва ҳатто марги одамон мешавад.
- Агар заҳдоруҳо ва нуриҳои минералӣ бо обҳои ҷорӣ ба дарёҳо, кӯлҳо ҷорӣ шаванд, ба моҳиҳо таъсири бад мерасонанд.
- Ҳамеша либоси корӣ пӯшидан лозим аст:
- Хилъат ва ё ҳадди ақал пешдоман бевосита расидани доруро ба пӯсти дорупошанда пешгирӣ мекунанд;
- Пойафзоли резинӣ;
- Кулоҳ ё кепка;
- Дастпӯшаки резинӣ;
- Айнак ва респиратор, агар дар дастур таъкид шуда бошад.
- Ҳамаи ин либосҳои махсусро аз либосҳои дигар алоҳида нигоҳ доштан лозим аст ва ҳар дафъа баъди кор онҳоро бо собуни ҷомашӯӣ шустан тавсия мешавад.
- Ҳар чизеро, ки шуста нашавад, бо латтаи ба маҳлули собун таркарда пок карда, баъд бо оби тоза бояд шуст.
- Ҳангоми дорупошӣ дар атроф бояд одамон набошанд.
- Дар заминҳои кушод саҳари барвақт ё бегоҳ дар вақти салқинӣ дору пошед.
- Пеш аз дорупошӣ ҷараёни бодро муайян кунед. Чунон пошед, ки заҳр ва махсусан, гербитсид ба майдонҳои ҳамсоя паҳн нашавад.
- Дорупошакро дар қисми пеши бадан нигоҳ доштан мумкин нест, онро дар бари худ нигоҳ доред.
- Ҳангоми шамоли сахт дорупошӣ манъ аст.
- Дорупошак бояд коршоям бошад. Заҳрдору набояд ба либос чакад.
- Ҳангоми дорупошӣ хӯрдану нӯшидан мумкин нест.
- Як нафар бояд бо дорупошаки дастӣ аз 5 соат зиёд кор накунад.
- Ба заминҳои коркардшуда танҳо баъди 2 рӯз даромадан мумкин аст.
- Коркард бо заҳдоруҳо бояд 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил қатъ карда шавад, дар акси ҳол, истеъмоли маҳсулоти ин майдон ба саломатии одамон таъсири бад мерасонад.
- Баъди дорупошӣ ҳатман оббозӣ кардан лозим аст.
- Хӯроки чорворо аз олудашавӣ бо заҳрдоруҳо эҳтиёт кунед.
- Ба роҳ ёфтани заҳрдоруҳо ба обанборҳо ва манбаъҳои оби нӯшокӣ роҳ надиҳед.
- Зарфу таҷҳизотро дар обанборҳо ва манбаъҳои оби нӯшокӣ нашӯед.
- Истифодаи зарфҳои холии пестисидҳо барои эҳтиёҷоти маишӣ манъ аст. Зарфҳои хурд ё лифофаҳоро зери хок кунед ё сӯзонед.
- Боқимондаҳои пестисидҳоро танҳо дар зарфҳои тамғаю дастурдор, дар ҷойҳои барои бачаҳо ва чорво дастнорас нигоҳ доред.
- Фаромӯш накунед! Мо об намедиҳем! Мо дору мепошем! Заҳрдору набояд ба хок чакад.
Барои ноил шудан ба натиҷаҳои хуб:
- Дар вақти дорупошӣ баргҳо бояд нам набошанд.
- Ба обу ҳаво диққат диҳед, пеш ва баъди дорупошӣ борон набошад.
- Ҳарорат аз +28°С баланд ё аз -15°С паст набошад.
Тартиби тайёр кардани моеъи корӣ ва калибркунонии дорупошакҳо.