Барои самаранок истифодабарии гармхонаҳо, аз ҷумла барои парвариши сабзавоти барвақтӣ, 2 сабзавоти як оила нашояд паси ҳам кишт карда шаванд. Ба қисми ҳосилдиҳандаи сабзавот эътибор диҳед: ду бехмева ё 2 сабзавоти мевагиро паси ҳам парвариш накунед. Зеро ин ба зиёдшавии касалиҳо меорад. Аз парвариши паси ҳами 2 оилаи сабзавотҳое, ки ба нуриҳо талаботи калон доранд, худдорӣ кунед. Чунки моддаҳои ғизодиҳандаҳои хок кам шуда, ҳосили хуб гирифтан номумкин мешавад. Оилаҳои сабзавотҳои ба миқдори зиёди нурӣ эхтиёҷманд инҳоянд: ангури сагакӣ ва оилаи кадугиҳо.

Дар вақти тартиб додани нақшаи зироатӣ 3 принсипро риоя кардан лозим аст: (1) принсипҳои киштгардонро ҷорӣ кунед; (2) шароити иқлимии барои зироат мусоидро (гармии кофӣ) омӯзед; (3) боварӣ ҳосил кунед, то зироати киштшаванда миқдори кифоя даромади молиявӣ меорад;

Моҳи май аксари деҳқонони минтақаи Қурама бо шинонидани кӯчати сабзавотҳои гуногун машғуланд. Тавсия дода мешавад, ки барои кишт ё ниҳолшинонӣ хоки гармхонаро аз алафҳои бегона тоза карда, баъдан 10 см қабати болоии онро бо каланд (ё зоғнӯл) бояд мулоим кунанд. Албатта, моҳи май кӯчат омодааст ва ба тубак қабл аз кӯчонидан об надиҳед. Хокро мулоим карда, дар он барои кӯчатҳо сӯрохиҳои хурдро омода кунед. Дар ҳолати коғазӣ набудани тубак растаниро аз он решакан кунед. Эҳтиёт бошед, то реша осеб набинад ва хоки дар гирди реша буда дар ҷояш монад. Решаро бо хокаш ба хоки тайёркардашуда гузошта, хоки дар гирди растанӣ бударо зер кунед, яъне дар ин ҳолат решаи растанӣ ба хоки нав ҳамроҳ мешавад.

Барои муҳофизати зироат аз гармиҳои баланд кашидани тӯрҳои сояафкан тавсия карда мешавад.

Дар давоми ҷамъоварии ҳосил заҳрдору истифода бурдан мумкин нест.

Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо

Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев