Корҳои агротехникие, ки дар ин моҳ бояд иҷро карда шаванд обёрӣ, пӯшидани тӯрҳои сояафкан, хишовакунии дастии алафҳои бегона, баргҳои касалу шикастагӣ ва гулҳои майда, ғизодиҳӣ аз барг ва реша якҷоя бо обёрӣ мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд. Ғизодиҳӣ аз барг ва реша бо макро-микроэлементҳо (барои 1 га замин Агровитамин — 0,5 л ва ё Атонник — 150 мл-ро ба 300 л об омехта карда, 3-бор бо фосилаи 10 рӯз) якҷоя бо обёрӣ гузаронида мешавад. Барои муҳофизат аз паррандаҳо бо тӯри махсус болои киштро пӯшидан лозим аст, барои ҳифз аз тӯқумшуллуқ усулҳои халқиро бояд истифода бурд.
Барои ҳифз аз тӯқумшуллуқ усулҳои халқиро бояд истифода бурд. Яке аз усулҳои оддӣ ва безарар – ин истифодабарии аррамайдаҳои тахта, коҳ, пахоли шолӣ ҳамчун мулча мебошад. Азбаски бадани тӯқумшуллуқ мулоим аст, дар чунин маводхо ҳаракат карда наметавонад. Дигар роҳаш ба ҷӯякҳои қулфинай порчаи тахта, шифер партофта мондан лозим аст. Ҳаво гарм шавад, тӯқумшуллуқҳо ба таги тахта е ки шифер ҷамъ мешаванд. Тахтаро бардошта, аз тагаш тӯқумшуллуқҳо аз замин чида гирифта, нест кардан мумкин аст. Сеюм усулаш — ин кишти якқоя аст. Тӯқумшуллуқ ба бӯи сирпиез, ҷаъфарӣ (петрушка) тоқат надорад. Ба атроф ва дар дохили майдони кишти қулфинай ба ҳар ҷой — ҳар ҷой сирпиез е ки ҷаъфариро кишт карда монед. Ин ҳам аз ҳуҷуми тӯқумшуллуқ ҳимоя мекунад. Боз яке аз усулҳои оддӣ — саҳарӣ е ки бегоҳӣ пошидани оҳак ба миқдори 30 гр ба 1 м2 е ки суперфосфат 30-40 гр ба 1 м2 мебошад. Вақте, ки тӯқумшуллуқ аз болои оҳак мегузарад, танааш месӯзад.
Дар давраи ҷамъоварии ҳосил истифода бурдани заҳрдоруҳо қатъиян манъ аст.
Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо
Махсут Отабеков
Бобомурот Қундузов