Лӯбиё ва мош яке аз зироатҳои пурқимматтарини хӯрока ба ҳисоб рафта, дони онҳоро дар дигар давлатҳо дар шакли тару тоза ҳам истеъмол мекунанд. Лекин дар кишвари мо асосан ба таври ҷӯшонидашуда ва консервакардашуда истеъмол мекунанд. Вобаста ба навъ, шароит ва агротехникаи парвариш, дони лӯбиё дар таркибаш 25-35% сафеда, то 3,6% чарбҳо ва 50-60% крахмал дорад.
Лӯбиё ва мош растаниҳои гармӣ ва равшанидӯст буда, ба рӯзи давомнокиаш кӯтоҳ мувофиқ мебошанд. Барои он ки лӯбиё ба касалиҳои фузариоз ва антракноз гирифтор нашавад, онро такроран дар ҳамон як майдон фақат баъди 4-5 сол кишт намоед. Лӯбиё ба истифодаи нуриҳо бисёр ҳассос аст. Аз ин лиҳоз, андохтани 10-15 тн пору ва 50 кг фосфор ба 1 га замин пеш аз шудгори асосӣ тавсия дода мешавад.
Ҳангоми кишт ё ин ки дар шароити заминҳои хурди наздиҳавлигӣ, пеш аз каланду мулоим кардани замин, аз ҳисоби 25-30 кг ба 1 га замин нуриҳои азотӣ андозед. Инчунин истифодбарии 300-400 кг хокистар дар 1 га барои баланд бардории ҳосилнокӣ кӯмак мерасонад.
Умуман, дар шароити Тоҷикистон лӯбиёдонагиҳоро дар ду мавсим мекоранд, баҳор ва тирамоҳ. Баҳорон баъди расиши хок заминро бо ду қатор сихмола, ду маротиба нарм кардан лозим аст. Сихмолакунии пеш аз кишт намиро дар хок нигоҳ дошта, алафҳои бегонаро нест мекунад.
Ҳангоми кишт тухмиҳоеро истифода бурдан лозим аст, ки тозагиашон на камтар аз 98% ва қобилияти нешзаниашон на камтар аз 90% бошад.
Ба кишти лӯбиё вақте шурӯъ мекунанд, ки ҳарорати гармии қабати зерихоккунии тухмӣ ба 12-14°С расад.
Усули асосии кишти лӯбиё — паҳнбар, масофаи байни қаторҳо 45-60 см мебошад. Навъҳои тухммайдаи лӯбиё дар 1 га 70-80 кг корида шуда, навъҳои тухмкалонаш 100-120 кг дар 1 га корида мешавад.
Коркарди байни қаторҳо ва нест кардани алафҳои бегона низ аз чорабиниҳои зарурӣ дар ин моҳ аст. Агар дар киштзор алафи сӯзанбарг зиёд бошад, бо гербитсиди Зеллек Супер (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта), зарпечак (полевика) зиёд бошад, бо гербитсиди Пивот (барои 1 га 1,0 л-ро бо 300 л об омехта) коркард кардан мумкин аст.
Дар мавриди мавҷуд будани ширинча гузаронидани коркард бо маҳлули инсектисиди Каратэ (барои 1 га 0,2 л-ро бо 300 л об омехта) зарур аст.
Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо
Махсут Отабеков
Акмал Насруллоев