Корҳои агротехникие, ки дар ин моҳ бояд иҷро карда шаванд обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ ва аз барг, гузаронидани буриши сабз ва шаклдарории буттаҳо, дар 15 рӯз як бор шустани баргҳои лимӯ баъд аз соати 17:00 мебошанд. Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили дилхоҳро таъмин менамояд. Ғизодиҳӣ аз барг бо Агровитамин (20 мл-ро бо 10 л об омехта) баъд аз гулкунӣ гузаронида мешавад. Барои ғизои асосӣ 50 гр Мочевинаро ба ҳар як буттаи лимӯ то гулкунӣ, вақти ва баъд аз гулкунӣ додан лозим аст. Барои муҳофизат аз гулхӯрак (оленка мохнатая) ва ширинча бо маҳлули Энжио (2 мл-ро ба 10 л об омехта) бегоҳӣ — вақти рафтани занбӯрҳо коркард гузаронидан лозим аст.
Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо
Махсут Отабеков