Зиёда аз 65%-и аҳолии Тоҷикистон бо кишоварзӣ машғул буда, 93%-и масоҳати мамлакатро кӯҳҳо ташкил мекунанд, ки боиси норасогии замини корам ва камбудии маҳсулоти барвақтӣ мегардад. Инчунин, дигаргуншавии иқлими ҷаҳонӣ дар солҳои охир ба таъминоти маводи хӯрока таъсири манфии худро расонида истодааст. Новобаста аз тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба табиат, имконияти ба даст овардани маҳсулоти барвақтӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, барои парвариши сабзавотҳои барвақтӣ, новобаста аз ҳарорати боду ҳаво истифодабарии гармхонаҳои хурди туннелӣ (нақбӣ) тавсия дода мешавад. Ин усул хароҷоти кам дошта, ҳар як деҳқон метавонад аз масолеҳи дастраси маҳаллӣ истифода намояд.
Барои ин навдаи тут ё бед омода карда, сими оҳанинро ба намуди камоншакл қат карда, ба замин дар намуди нақб насб кунед ва бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшонед. Дар натиҷа ҳарорати дохили гармхонаи нақбӣ гарм шуда, барои нашъунамои зироат дар мавсими сармо шароити муфид фароҳам мекунад.
Бо истифода аз ин усул, мо метавонем дар мавсими тирамоҳ ва аввали баҳор маҳсулоти барвақтӣ, ба монанди бодиринг, карам, помидор ва ғ. Ба даст орем. Ин усул зироати киштшударо аз сармои тирамоҳӣ ва аввали баҳорӣ эмин нигоҳ дошта, бо гармӣ таъмин месозад. Намии хокро низ нигоҳ дошта, марҳилаи пухтарасии маҳсулотро метезонад.
Акмал Насруллоев,
номзади илмҳои кишоварзӣ, мушовир оиди агробизнес,
Ташкилоти машваратии «Нексигол Мушовир»