Дар Тоҷикистон аз рӯи Қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо дар синни 58 таъин карда мешавад. Барои ин мавҷуд будани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ барои мардҳо ва 240 моҳ барои занҳо зарур аст. Ба таври истисно занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кўдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8-солагӣ тарбия намудаанд, ё кўдаки маъюб доранд ва ўро низ то ин синну сол тарбия кардаанд, дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 53 доранд. Барои муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ дар собиқаи суғуртавӣ давраҳои фаъолияти корие ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки дар ин муддат шахси суғурташуда (ё ба ҷои ў) саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро ҳар моҳи тақвимӣ супорида бошад. Инчунин ба собиқаи суғуртавӣ давраи хизмат дар сафи Қуввваҳои Мусаллаҳ, таҳсил дар шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсил бе ҷудо шудан аз истеҳсолот дар курсҳои такмили ихтисос, давраи гирифтани кўмакпулӣ аз рўи бекорӣ, аммо на бештар аз 24 моҳ дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ, давраи фарзандони хурдсолро нигоҳубин кардани падар ё модаре, ки муваққатан кор намекунанд, аммо то ба синни 3 расидани ҳар як кўдак, вале дар маҷмўъ на бештар аз 60 моҳ дохил мешаванд. Ҳарчанд дар ин давра шахси мазкур саҳмияҳои суғуртавии хешро насупоридааст, он ҳама сабабҳои зикршуда ба андозаи нафақа таъсир намерасонанд.

Ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ дар давраи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 2013 дафтарчаи меҳнатии шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ барои давраи пас аз 1 январи соли 2013 маълумоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар асоси маълумоти суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таъини нафақаи суғуртавӣ шахси суғурташуда ба ғайр аз дафтарчаи меҳнатӣ (нусхаи аслӣ), инчунин ҳуҷҷатеро, ки ҳамчун шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод менамояд. Барои таъин кардани нафақаи иҷтимоӣ шаҳрванд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли зисте, ки расман ба қайд гирифта шудааст, бо ариза муроҷиат менамояд.

Аксарияти деҳқононе, ки бинобар синну сол ба нафақа баромадаанд, таъкид медоранд, ки нафақаи онҳо дар ҳудуди 180- 230 сомонӣ аст. Онҳое, ки то соли 2013 то қабул шудани Қонун «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» бознишаста шудаанд, нафақаи нисбатан бештар доранд.

Сокини ноҳияи Ашт Истамой Амонова беш аз 45 сол дар колхоз (хоҷагии дастҷамъона) ба ҳайси деҳқон кор кардааст. Умри наврасию ҷавонию балоғату камолоташро дар кори саҳро сарф кардааст. Баъди расман ба нафақа баромаданаш ҳам чанд соли дигар кор кардааст. Рӯзе аз кори саҳро даст мекашад, ки дигар қуввату нерӯе дар вуҷудаш намемонад. Нафақае, ки ӯ мегирад, наздик ба 230 сомонӣ аст. Имрӯз ба ин маблағ танҳо як ҷувол орд мехареду халос.

Банд-банди устухонам дард мекунад, гоҳо сарам чарх мезанад, дилам бозӣ мекунад,- мегӯяд Истамой. – Вале дардамро ба касе намегӯям. Барои рафтан пеши табиб тобу тавон ва мадорам нест. Зеро ҳама чиз дар беморхонаҳо пулакӣ аст. Намехоҳам, ки қарз гираму худро муолиҷа кунам. Зеро он пули қарзро бояд дод. Аз ин рӯ, сад афсӯс мехӯрам, ки духтарамро маълумоти олӣ ё ҳатто миёнаи омӯзгорию тиббӣ надодаам. Ҳоло вай бо пайроҳаи паймудаи ман меравад ва оқибати кораш мисли ман хоҳад шуд”.

Олими зироатшинос Ёқубҷон Рауфов иброз медорад, ки 38 сол собиқаи корӣ дорад. Аз он ҷумла, 12 сол ӯ ба ҳайси агроном- энтемолог дар яке аз хоҷагиҳои калонтарини пахтакори вилоят фаъолият бурдааст. Чанд сол агрономи муассисаи давлатии «Ниҳолпарвар»- и ноҳияи Ашт буд. Вай аз соли 2013 бад- ин сӯ ба нафақа баромада, ҳар моҳ 437 сомонӣ нафақапулӣ мегирад.

Андозаи нафақаи ман нисбат ба дигарон беҳтар аст,- мегӯяд Ёқубҷон Рауфов.- Зеро онҳое, ки пас ман ба нафақа баромадаанд, то ҷое медонам нафақаи камтар мегиранд”.

Сӯҳбатҳо исбот карданд, ки аксари кормандони соҳаи кишоварзӣ, чун муҳосибон, иқтисодчиҳо, муҳандисон, ронандаҳо, тракторчиҳо, механикҳо, таъмиргарон, байторҳо, молпарварон, чӯпонҳо, мутахассисони соҳаи кирмакпарварӣ сарфи назар аз он, ки собиқаи зиёди корӣ доранд, ҳудуди 180-230 сомонӣ нафақа мегиранд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки имрӯз қишри аз ҳама заҳматкаши ҷомеа – кишоварзон беш аз пеш ба дастгирии моддию маънавии давлат ва мақомоти иҷроия ниёз доранд. Агар вазъи таъмини иҷтимоии онҳо, пешбурди дафтарчаи меҳнатӣ, андозаи нафақаи онҳо хубтару беҳтар нагардад, насли нави кишоварзон бо дили гарму умеди нек ба фардо сӯи саҳро равон намешаванд. Сафи кормандони ин соҳа, батадриҷ кам шуда, дар натиҷа замин бе соҳиби аслию ростинаш хоҳад монд.

Назар ба суханони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Мирзоанвар Ахмедов, воқеан, кишоварзон шоиста ва сазовори нафақаи хубтар ҳастанд. Зеро он нафақае, ки алҳол ба даст меоранд, нисбатан кам мебошад. Ҳоло раҳбарон ҳар моҳ барои ҳар як узви хоҷагии деҳқонии хеш ба андозаи 15 сомонӣ ба Фонди нафақаи суғуртавӣ маблағ ирсол мекунанд, ки дар як сол барои як нафар дар ҳудуди 180 сомонӣ мешавад. Агар, корфармо андози мазкурро пайваста ва дар тӯли чандин сол ба хазинаи мазкур интиқол диҳад, боз ҳам он дар маҷмуъ маблағи на чандон калонро ташкил хоҳад кард.

Барои он ки нафақаи кишоварзон зиёд гардад, соҳаи кишоварзӣ рушд кунад, лозим аст он андозҳое, ки аз соҳаи кишоварзӣ ҷамъ мешаванд, ба як сурат-ҳисоби махсус гузаронида шаванд. Он андозҳо ҳамасола дар кишвар ҳудуди 500 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар ҳама кишварҳои дунё маъмул аст, ки аз маблағи умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсол ва фурӯхташуда, даҳ дар садашро ба соҳаи кишоварзӣ сарф мекунанд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба маблағи 26 милллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст. Аз он маблағ даҳ дарсадаш 2,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағҳои ҷамъшударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди хеш дар соҳаи кишоварзӣ ва барои кишоварзон сарф кунад. Дар он сурат, Ҳукумат аз он маблағи ҷамъшуда як қисмашро ҳамчун кӯмакпулӣ ба деҳқонони нафақагиранда сарф кунад. Албатта, ин маблағ шояд калон набошад ва дар ҳудуди 60-80 сомониро барои ҳар як нафақагир ташкил кунад. Вале ин кӯмакпулӣ бар он нафақае, ки давлат тавассути Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа муқаррар кардааст, зам шуда, андак бошад ҳам ба деҳқони бознишаста кӯмак хоҳад шуд. Маблағҳои боқимондаро Ҳукумат метавонад барои харидории техника ва рушди инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ, азҷумла, бунёди роҳҳо, интиқоли барқ ба бошишгоҳҳои саҳроӣ, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ ва кӯдакистонҳои саҳроӣ, ҳавасмандкунии кишоварзон, яъне ҳадафманду мақсаднок истифода намояд,— таъкид медорад вакили мардумӣ, олим ва сиёсатмадор Мирзоанвар Ахмедов.

Соҳибназарон бар ин назаранд, ки эҳтироми кишоварз дар ҳама давру замон баробар бо эҳтироми модар будааст. Зеро ҳарду офарандаанд. Яке нозу неъмат меофарад, дигаре насле чун идомаи зиндагӣ. Пас, ҳар он ки дасти деҳқонро бигирад, дасти ӯро, бешак, Худо хоҳад гирифт!

Тилав РАСУЛЗОДА