Боридани барф ва хунук гардидани ҳарорати ҳаво дар давраи нашъунамо боиси хисороти зиёд дар соҳаи кишоварзӣ гардид. Растании ток дар бисёр шаҳру ноҳияҳо аз ин хунукиҳои бемаврид зарар дида, химчаҳои навсабзида нобуд гардиданд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади беҳтар намудани нашъунамои токзорҳо ва бартараф намудани фишори табиӣ, истифодаи яке аз ин антистрессантҳо ба монанди Aminomax (барои 1 га 3 л-ро бо 1000 л об омехта ), ё Nutrivant Greap (барои 1 га 4 кг-ро бо 1000 л об омехта ) ва ё Basfoliar Avant Natur (барои 1 га 2 л-ро бо 1000 л об омехта) ба мақсад мувофиқ аст. Дар мавриди пошидани антистрессантҳо, растанӣ микроэлементҳои заруриро ба воситаи барг аз худ намуда, ҳолати худро беҳтар мегардонад.
Буриши сабз (хомтоккунӣ), бастани шохҳои ангур (калитакҳо), коркарди байни қаторҳо, нест кардани алафҳои бегона, обёрӣ, ғизодиҳии асосӣ ва ғизодиҳӣ аз барг аз чорабиниҳои зарурӣ дар ин моҳ ба ҳисоб мераванд.
Истифодаи нуриҳои азотию фосфорӣ барои ғизодиҳии асосӣ имконияти рушди беҳтари токзорро таъмин менамояд. Барои босифат кардани ҳосил пошидани ғизо барои барг натиҷаи хуб медиҳад. Баъд аз гулкунӣ ва калоншавии мева 2-3 бор пошидани маҳлули макро-микроэлементҳо (барои 1 га токзор Агровитамин — 2,0л ва ё Атонник-200мл-ро ба 1000л об омехта карда, 3-бор бо фосилаи 10 рӯз) тавсия дода мешавад.
Касалиҳои занбӯруғиро фаромӯш кардан лозим нест. Дар мавриди баланд гардидани намнокии ҳаво зиёдшавии касалиҳои занбӯруғӣ дар токзор дар назар аст. Барои пешгирӣ ва бартараф намудани ин касалиҳо аз ҷумлаи оидиум, антракноз ва ғ. истифодаи яке аз ин фунгитсидҳо Топсин М (барои 1 га 1,5 кг-ро бо 1000 л об омехта), Ридомил Голд (барои 1 га 2,5 кг-ро бо 1000 л об омехта) ва Фоликур (барои 1 га 0,3 л-ро бо 1000 л об омехта) мувофиқи мақсад аст. Дар мавриди зиёд гардидани паҳншавии касалиҳои занбӯруғӣ дар токзор пешгирии он ғайриимкон мегардад.
Ҳашаротҳои зараррасон низ дар айёми рушд ва афзоишёбӣ қарор доранд. Муҳофизат аз ҳашаротҳои зараррасонро низ ба назар гирифтан лозим аст. Дар токзор истифодаи домҳои феремонӣ барои муҳофизат аз кирми хӯша (листовёртка) бисер самарабахш аст. Дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдоиши кирми хӯша (гроздевая листевёртка) дар токзор бо маҳлули НуреллД (барои 1 га 1,5 л-ро бо 1000л об омехта), кирминаи ордакмонанди ангур (виноградный мучнистый червец) бо маҳлули Актеллик (барои 1 га 2,0л-ро бо 1000лоб омехта) коркард гузаронидан тавсия мешавад. Бар зидди тортанакканаи намадии ангур перепарати Омайтро (барои 1 га 2,0л-ро бо 1000лоб омехта) истифода намоед.
Гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар давоми моҳи май имконият медиҳад, ки токзор аз стресси табиӣ ва касалию ҳашаротҳои зараррасон озод гардида, нашъунамои хуб намояд ва ҳосили хуб ба бор оварад.
Чораҳои бехатарии истифодаи заҳрдоруҳо
Махсут Отабеков
Хурсандӣ Сафаралиев