Шумо дар вақти парвариши зироатҳо ба муаммои оби полезӣ дучор мешавед? Касалиҳои гуногун ва алафҳои бегона ба зироатҳои Шумо таъсири манфӣ расонида, аз Шумо маблағ ва кори иловагиро талаб мекунанд? Шумо аз шусташавӣ ва эрозияи хок муаммо доред? Мо ба Шумо яке аз осонтарин роҳи ҳалли ин муаммоҳоро тавсия мекунем.
Бо истифодаи мулчакунӣ Шумо метавонед ҳам алафҳои бегона ва сарфи обро кам кунед ва ҳам хокро аз таъсири обу шамол ва нури офтоб эмин нигоҳ доред. Ин усул ҳам осон, ҳам арзон ва ҳам самаранок мебошад.
Мулча чист? Мулча ин танҳо як қабати ҳимоявии маводе мебошад, ки ба болои хок ҳангоми сабзиши зироат паҳн карда мешавад.
Кадом маводҳо чун мулча истифода бурда мешаванд? Алафҳои бегонаи майдакардашуда, коҳ, компост, поруҳои ба пуррагӣ пӯсида ва ғайра.
Мулчакунӣ ба хок чӣ медиҳад? Илова ба осонии истифода, мулчакунӣ инчунин як усули самарабахш мебошад, ки ба Шумо имкон медиҳад ба натиҷаҳои зерин ноил шавед:
- Мулчае, ки дар қабати хеле васеъ зери зироат андохта шудааст, нашъунамои алафҳои бегонаро якчанд маротиба кам мекунад. Бо ин роҳ Шумо ҳам аз меҳнати зиёдатӣ халос мешавед ва ҳам аз ҳисоби кам истифодабарии гербитсидҳо маблағатонро сарфа мекунед.
- Бо истифода аз ин усул сарфи об барои обёрӣ кам мешавад, зеро дар зери мулча намӣ ва микрофлораҳо нигоҳ дошта мешаванд.
- Истифодаи мулча ба Шумо имкон медиҳад, ки заминро камтар оберӣ намоед, зеро қабати болои хок дар таги мулча дар муддати дароз нарм мемонад.
- Мулча хокро аз нурҳои офтобӣ дар тобистон муҳофизат мекунад, ки дар натиҷа замин аз тағйирёбии ногаҳонии ҳарорат муҳофизат мешавад ва растаниҳо аз нобудшавӣ эмин мемонанд.
- Мулча зироатҳоро аз бисёр касалиҳо ва ҳашаротҳо муҳофизат мекунад. Ин ба он вобаста аст, ки бактерияҳо аксар холатҳо дар хок зиндагӣ мекунанд ва мулча монеаест, ки зироатро аз бактерияҳо муҳофизат мекунад.
- Мулча ба сифати хок таъсири мусбӣ мерасонад; заминро аз эрозияи шамолӣ ва обӣ, шусташавии қисми болои хок ва аз харобшавии хок эмин медорад.
- Агар маводе, ки чун мулча истифода мешавад, аз маводи органикӣ (компост, коҳ, боқимондаҳои алафҳои бегона ва ғ.) иборат бошад, хокро бо ғизои органикӣ таъмин менамояд. Чунки ин маводҳо бо гузаштани вақт пӯсида, ба нурии органикӣ табдил меёбанд ва таркиби хокро беҳтар карда, аз моддаҳои зарурӣ ғанӣ мегардонанд.
Вақти мулчакунӣ. Беҳтарин вақти мулча ин миёна ва охири баҳор, инчунин тирамоҳ мебошад, ки дар ин мавсим хок намнок ва гарм аст. Мулчаро метавон дар атрофи растаниҳои нав ва ё атрофи растаниҳои аллакай шакл гирифта гузорем. Барои самаранокӣ, мулча бояд ғафсии аз 5 см то 15 см дошта бошад. Мулчаро бар сатҳи хоки намнок, баъди тоза намудан аз алафҳои бегона, аз ҷумла решаҳо паҳн намоед.
Чиҳо барои мулчакунонӣ тавсия дода намешавад?
-
- Алафҳое, ки манбаи паҳншавии касалиҳо ва ҳашаротҳо мебошад.
- Растаниҳои заҳрнок, чун банги девона, тамоку ва ба ин монанд.
- Алафҳое, ки тухмиашон пухта расидааст.
- Поруи нави чорво ё ки парранда.
Бобомурот Қундузов