Мӯҳтарам Деҳқонон!

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ рӯзҳои 2-5 май эҳтимоли шамоли сахт, борони бошиддату сел ва жола дар назар аст. Аз ин лиҳоз, пеш аз боришот коркарди пешгирикунанда бо агровитаминҳо ва пас аз боришот коркарди фунгитсидию агровитаминӣ, коркарди байни қаториро гузаронидан лозим аст. Ин чораҳо зироатро аз таъсири манфии обу ҳавои номусоид ва паҳншавии ҳар гуна касалиҳо эмин нигоҳ медорад.

Тавсияҳо барои пешгирии зарар аз боришоти пуршиддат

Тавсияҳо барои бодиринг: Пеш аз боришот бодирингро бо фунгитсиди Топаз, Конфидор ва Агровитамин коркард кунед. Меъёрҳо:

— Топаз 6-7 гр ба 10 литр об

— Агровитамин 20 гр ба 10 литр об

— Конфидор 10 гр ба 10 литр об

Тавсияҳо барои помидор: Барои пешгирӣ кардани паҳншавии касалии фитофтороз, ки баъди борон пайдо мешавад, бояд бо препарати Скор, Пермиксон ва Агровитамин коркард кунед. Меъёрҳо:

— Скор 5-7 гр ба 10 литр об

— Агровитамин 20 гр ба 10 литр об

— Пермиксон 15 гр ба 10 литр об

Коркардро метавонед пеш ва пас аз боришот ба иҷро расонед.

Тавсияҳо барои мевагиҳо: Барои пешгирӣ ва паҳншавии касалиҳо дар зироатҳои мевагиҳо ҳатман боғро бо препаратҳои Скор, Каратэ ва Агровитаминҳо коркард кунед. Меъёрҳо:

— Скор  2 гр ба 10 литр об

— Каратэ 6 гр ба 10 литр об

— Агровитаминҳо 20 гр ба 10 литр об

Коркардро метавонед пеш ва пас аз боришот ба иҷро расонед.

Тавсияҳо барои зироатҳои полезӣ: Барои пешгирӣ ва паҳншавии касалиҳо дар зироатҳои полезӣ бояд бо препарати Браво, Вертимек ва Агровитаминҳо коркард гузаронида шавад. Меъёрҳо:

— Браво 25-30 гр ба 10 литр об

— Вертимек 15 гр ба 10 литр об

— Агровитаминҳо 20 гр ба 10 литр об

Коркардро метавонед пеш ва пас аз боришот ба иҷро расонед.

Тавсияҳо барои пиёз: Барои пешгирӣ ва паҳншавии касалиҳо дар зироати пиёз аз препарати Курзат ва Энжио истифода баред. Меъёрҳо:

— Курзат 50 гр ба 10 литр об

— Энжио 10 гр ба 10 литр об

Тавсияҳо барои пахта: Барои пешгирӣ ва паҳншавии касалиҳо дар зироати пахта бояд майдони киштро бо препаратҳои Фуфанон бар зидди ширинча ва Агровитаминҳо истифода баред. Меъёрҳо:

— Барои 1 га Фуфанон бар зидди ширинча 1 л ба 1000 л об

— Барои 1 га Агровитаминҳо 0,5 л ба 1000 л об

Тавсия барои гандум ва чав: Баъд аз боришот дар ноҳияҳои куҳистонӣ, минтақаи ҷануби мамлакатамон касалии гандум (бурая ржавчина) касали занги қаҳваранг ва Гардзани ордак пайдо мешавад. Аз ин лихоз, коркард бо фунгисидхои Тилт 0,5л/га, ё ин ки Альто супер 0,4л/га якчоя бо 300литр об гузаронидан лозим аст. Инчунин, бар зидди ширинча ва трипс 0,2 литр Каратэ ё ин ки 0,5 литр Нурелл_Д пошидан лозим аст.

Ба ҳамаи деҳқонон ҳосили баланду босифатро таманно дорем!

Агроном-Мушовирони
ташкилоти машваратии кишоварзии
“Нексигол Мушовир”