Сари вақт гузаронидани мубориза ба муқобили касалиҳо ва зараррасонҳои зироати кишоварзӣ яке аз чораҳои асосии агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо, ки кишоварзони мамлакат барои фаровонии дастархони сокинон дар саҳроҳо меҳнат менамоянд, тавсияҳои олимони соҳаи кишоварзӣ хеле зарур ва муҳиманд. Дар робита ба пешгирии касалиҳо ва зараррасонҳо ба киштзори тамоми зироати кишоварзӣ ва боғот хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо мудири озмоишгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ ПАРТОЕВ суҳбат намуд.
Рӯзноманигор: Бигӯед, ки барои мубориза бо касалиҳо ва зараррасонҳои зироат чӣ усулҳое ҳастанд, ки нисбатан осон ва арзон бошанд?
Қурбоналӣ Партоев: Яке аз усулҳои нисбатан осон ва арзони мубориза бо
касалиҳо ва зараррасонҳои зироат-ин тайёр намудани маҳлули
корӣ бо истифодаи маводи органикӣ ва кимиёвӣ ба шумор
меравад. Барои тайёр намудани чунин маҳлули комплексии корӣ бояд дар 10 литр об 2 кг хокистари нағз майда кардашуда ҳал карда шавад, инчунин ба он ҳамроҳ намудани 100–150 грамм хушкаи тамоку, ё ин ки 10 дона тамокуи дудӣ (папирос), як-ду дона саримсоқ (чеснок), як-ду дона қаламфур ва 2-3 дона пиёзи майда карда шуда, инчунин 50-70 грамм алафи талха (тахач)-ро ҳамроҳ намудан лозим аст.
Ин маҳлули кориро 4-5 рӯз дар зери соя нигоҳ дошта, рӯзе ду- се маротиба бо чӯб кофта, бояд омода намуд. Баъд аз ин пеш аз ба растаниҳо пошидани он, ба маҳлул ба миқдори 80-100 грамм селитраи аммиакӣ (аммиачная селитра), 50–70 грамм хлориди калий, 70-100 грамм суперфосфат ва 20–30 грамм собун ё айна ҳамроҳ карда, маҳлулро нағз кофта, пасон ба растаниҳо бояд пошид.
Рӯзноманигор: Дар таркиби ин маҳлул кадом элементҳои ғизоии растаниҳо мавҷуданд ва он барои нест сохтани кадом микроорганизмҳои зараррасон кумак мерасонад?
Қурбоналӣ Партоев: Аз сабаби он ки дар таркиби ин маҳлул моддаҳои гуногун, аз қабили фитонсидҳо, эфирҳо, ишқорҳо ва ғайраҳо мавҷуданд, онҳо дар якҷоягӣ бо заҳрҳои химиявӣ метавонанд барои нест сохтани замбурӯғҳо, бактерияҳо ва дигар микроорганизмҳои зараррасоне, ки дар баргу пояи растаниҳо зиндагӣ мекунанд, кумак расонанд. Аз тарафи дигар, дар таркиби ин маҳлул мавҷуд будани элементҳои ғизоии растаниҳо, аз қабили нитроген, фосфор ва калий барои растаниҳо аҳамияти калон дорад.
Инчунин барои боз ҳам самаранок гардидани он пеш аз истифодаи ин маҳлул ба он ҳамроҳ намудани 10-15 грамм, аз қабили заҳрҳои таъсирашон системагӣ, ба монанди нурелл-де, десис, фюре, би-58, рогор, сумисидин барои нест сохтани ҳашароти хоянда ва маканда низ аз аҳамият холӣ нест. Дар ин маҳлул инчунин метавон дар рӯзи истифодаи он заҳрҳои кимиёвиро, аз қабили арсерид, ридомил, купрозан, синеб ва ғайраро бо сарфи 20–30 грамм ба муқобили касалиҳои замбурӯғии пиёз, помидор, картошка, зироати полизӣ ва дигар сабзавот низ истифода намуд. Сарфи маҳлули корӣ дар як сотих замини киштзор (0,01га) 4 литр буда, дар як гектар 400 литрро ташкил медиҳад.
Рӯзноманигор: Ин маҳлулро дар кадом вақт ба киштзор пошидан мумкин аст ва онро деҳқонон ба ғайр аз ёрии дорупошакҳои дастӣ боз бо чӣ метавонанд истифода баранд?
Қурбоналӣ Партоев: Ин маҳлулро бегоҳӣ баъди ғуруби офтоб, соатҳои 18–20-и вақти маҳаллӣ ба киштзор пошидан зарур аст. Маҳлули тайёркардашударо деҳқонон метавонанд бо ёрии дорупошакҳои дастӣ, механизмӣ ё ин ки бо ҷорӯб (агар қитъаи замин он қадар калон набошад) ба растаниҳо пошанд. Дар вақти истифодаи дорупошакҳо маҳлулро аз дока гузаронидан лозим аст, ки ба дорупошак осеб нарасонад. Чизи дигаре, ки хеле муҳим мебошад, ин се-чор маротиба пошидани маҳлули корӣ ба растаниҳо аст. Коркарди якуми ниҳолҳо дар вақте, ки растаниҳо 2–3 барги ҳақиқӣ пайдо менамоянд, бояд гузаронида шавад. Ба парвардаи (кӯчати) зироат баъди 10-15 рӯзи ба замин гузаронидани ниҳолҳо тавсия дода мешавад.
Коркарди дуюми растаниҳоро бо ин маҳлул баъди 10–12 рӯзи коркарди якум гузаронидан лозим аст. Коркарди сеюму чорумро боз баъди 8-10 рӯзи фосила гузаронидан зарур аст. Пошидани маҳлули корӣ ба растаниҳо 28-30 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил бояд қатъ гардад. Қоидаҳои бехатарии истифодаи маҳлулро дар вақти истифода бояд риоя намуд. Ин маҳлули комплексӣ аз тарафи худи деҳқонон бо харҷи ками масраф ба даст оварда мешавад ва истифодаи он ба киштзори тамоми зироати кишоварзӣ, инчунин ба боғот ва зироати субтропикӣ низ тавсия дода мешавад.
Khovar.tj