Аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 27 сол сипарӣ шудааст. Ба таърихи аз байн рафтани  системаи колхозҳову совхозҳо бошад, 20 сол зиёд.  Аммо то ба ҳол аксарияти кишоварзони тоҷик барои ҷорӣ кардани навгониҳо дар заминҳои худ ваҳм мекашанд. Зеро тӯли чанд даҳсолаҳо ба низоми ягонаи корӣ одат кардаанду навгониҳои замонаи асри 21 бошад, ба гумонашон кори хоҷагиҳои онҳоро ба талафот мебарад.

Се сол пеш Абдусамад Абдувоҳидов раиси Ассотсиатсияи Истифодабарандагони Оби «Боғпарвар» аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров айнан чунин ақида дошт.

“Вақте, ки ба наздам мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” омаданд ва  аз лоиҳаи наву ворид кардани системаи нави обёрӣ ҳарф заданд, дар дилам нисбати онҳо шубҳаҳои гуногуне пайдо шуд. Агар имрӯз фикрҳои нисбати онҳо ҳамон вақт кардаамро ба ёд оварам, ҳам хандаам меояду ҳам шармам. Дар асл бошад “Нексигол Мушовир” моро аз хоби гарон бедор кард!” — мегӯяд Абдусамад Абдувоҳидов.

***   ***   ***

Соли 2016 ТҶ “Нексигол Мушовир” дар вилояти Суғд Лоиҳаи ҷадидеро пиёда кард, ки “Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ” ном дошта, оид ба пурзӯркунии идоракунии самараноки захираҳои об фаъолият мекард. Дар ин равия ташкилот мақсадҳои асосии Лоиҳаи мазкурро пешбарӣ мекард, ки аз инҳо иборат буд:

  • ташкил кардани мактабҳои саҳроии деҳқонон (МСД)
  • ҷорӣ кардани технологияҳои содда ва дастрас барои сарфа намудани об
  • паҳн кардани дониш ва усулҳои истифодабарии оқилонаи об байни деҳқонон
  • ба ҳам овардани 29 Ассотсиатсияи Истифодабарандагони Об (АИО)
  • ҷорӣ кардани низоми обёрии қатравӣ
  • обёрӣ бо ҷӯякҳои кӯтоҳ
  • обёрӣ бо ёрии қубурҳо
  • рӯйпӯшкунии қабати болоии хок бо плёнкаи сиёҳ (мулчакунонӣ).

2

Қобили зикр аст, ки “Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ” аз тарафи консортсиуми ташкилотҳои байналхалқии Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен, Ҳамкории Олмон ва ACTED бо кӯмаки молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорй (Ҳукумати Швейтсария) амалӣ шудааст. ТҶ “Нексигол Мушовир” аз оғози марҳилаи якуми амалишавии Лоиҳа, ки ба соли 2016 рост омадаст, иҷроиши нақша чорабиниҳои Лоиҳа дар ҳудуди вилояти Суғдро дар ӯҳда дошт.

Дар ин марҳила ТҶ “Нексигол Мушовир” бо якчанд компонентҳо аз рӯи вазифаҳои техникӣ корбарӣ кардааст, ки ташкили мактабҳои саҳроӣ яке аз онҳо мебошад.

Тавре Акмал Насруллоев, мутахассиси ташкилот қайд кард, айни замон заминҳои деҳқонони ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Ҷ. Расулов аз ҳавзаи Хоҷабоқирғон ва бархе аз заминҳои кишоварзии ноҳияи Спитамен аз ҳавзаи Оқсу обёрӣ мешаванд. “Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо чунин муаммоҳо муайян карда шуданд:

  • фарсуда ва корношоям шудани иншоотҳои ирригатсионӣ;
  • вайрон шудани бетонҳои каналҳо, ки боиси талафоти об ҳангоми интиқол мешаванд;
  • аз гилу лойқа пур шудани каналу ҷӯйборҳои дохили хоҷагиҳо;
  • фарсудашавии қубурҳои обгузар;
  • мавҷуд набудани асбоб ва таҷҳизоти обтақсимкунӣ ва обченкунӣ;
  • донишу малакаи пасти истифодабарандагони об;

Фаъолияти Лоиҳа барои ҳалли ана ҳамин муаммоҳо равона карда шуда, то ҳадди имкон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид” – гуфт Акмал Насруллоев.

***   ***   ***

Баъди таҷдиди соҳаи кишоварзӣ қишрҳои гуногуни ҷомеа соҳиби замин шуданд. Яъне, ҳам муаллим, ҳам духтур, ҳам тиҷоратчӣ, ки дониши кофии базавӣ надоштанд,  рӯй ба кишоварзӣ оварданд. Ташкилот дар 29 АИО қитъаҳои намоишӣ ташкил карда, 29 тренер омода кард. Минбаъд ин тренерон барои деҳқонон оид ба усулҳои муосири обёрикунӣ, реҷаи обёрикунӣ, усулҳои беҳтар кардани ҳосилхезии хок ва ғайраҳо омӯзишҳои амалӣ мегузарониданд. Дар қитъаҳои намоишӣ технологияҳои обсарфакунанда ва асбобҳои обченкунанда насб карданд, то таъсири технологияҳои навро барои оқилона истифодабарии об нишон диҳанд.

“Об хуни замин аст. Ва маҳз миробҳо гардиши хуни заминро танзим мекунанд. Агар дар организми инсон камхунӣ шавад, ба касалиҳои гуногун дучор мешавад. Зиёдатии хун низ ҳамин хел. Вазифаи об низ дар замин ҳамин хел аст. Мироб  барои деҳқонон обро дар вақти зарурӣ, бо ҳаҷми талабкардашуда ва бо навбат тақсимот карда доданро танзим мекунад.  Инчунин барои насб кардан ва ҳисобу китоб кардани оби истифодашуда кӯмак мекунад. Агар гидротехник ва мироб набошанд, тақсимоти одилонаи об вайрон мешавад ва деҳқонон бо якдигар “каландҷанг” карданашон мумкин. Хуб мешуд, ҳар як хоҷагии деҳқонии навтаъсиси имрӯза, илова ба агрономҳо, боз бо гидротехник ва миробҳо сару кор дошта бошанд. Ин ду касбҳои ниҳоят зарурӣ дар соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешаванд” – мегӯяд мутахассиси ТҶ “Нексигол Мушовир”.

***   ***   ***

Қаҳрамони мо Абдусамад Абдувоҳидов раиси АИО-и «Боғпарвар» аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, ба ҳайси тренер дар ҳамин Лоиҳа кору фаъолият дорад. Дар АИО-и «Боғпарвар», ки 56 аъзо дар 563 гектар заминдорӣ мекунанд, чанд майдончаи намоишӣ ташкил карданд. Дар яке аз чунин майдончаҳо дар масоҳати 1 гектар шохчаҳои кӯтоҳ гузарониданд. Ин роҳ низ барои самаранок истифода бурдани об кӯмак мекунад. “Ҷӯякҳои заминҳои пахтаи мо ниҳоят дурудароз мебошанд. Агар аз сари ҷӯяк об монем, то охираша намерафт. Ин боиси талафоти ҳосили пахта мешуд. Баъди насби усули шохчаҳои кӯтоҳи обёрӣ пахта дар вақту соати муайяну зарурӣ аз об сер шуд” – мегӯяд Абдусамад.

(Справа) Абдусамад Абдувохидов
(Справа) Абдусамад Абдувохидов

Барои дарахтони ҷавон усули обёрии қатравӣ насб карда шуд. “Канали тариқи мошинӣ обёришаванда қубурҳояш кайҳо кафида, фарсуда шуда буд. Дарахтон дар сатҳи хушкшавӣ қарор доштанд. Ҳамин ташкилотҳоя кӯмакаш дарахтонро наҷот дод. Иловатан ҳавз кофтем. Агар мустақилона ҳамин корҳоро анҷом диҳем, барои 10 сотиқ замин ҳадди ақал панҷ ҳазор сомонӣ маблағ масраф мекардем. Боз ҷангу ҷанҷоли вақти маблағҷамъкунӣ ва харобшавии асабҳоро намегӯед? Чӣ қадар маблағ сарфа кардам… Ман аз ҳамкориро бо ТҶ “Нексигол Мушовир” оғоз карданам ниҳоят хурсанд мебошам”-илова кард Абдусамад.

Ташкилот барои деҳқонони мақсадноки Лоиҳа оид ба самаранок истифода бурдани об машваратҳо дода, сатҳи дониш ва малакаи онҳоро баланд намуд. Самараи дусолаи фаъолияти ташкилот барои расидан ба ҳадафҳои Лоиҳа ин аст, ки баъди насб кардани асбобҳои обченкунанда (водослив) ва омӯзишҳои амалӣ, деҳқонон имконият пайдо карданд, ки оби истифодабурдаашонро дақиқ ҳисоб намоянд. Инчунин, имконияти муайян намудани мӯҳлати обмонӣ ва ҳаҷми обёрӣ бо ёрии намиченкунакҳое, ки аз тарафи Лоиҳа пешниҳод гардид, пайдо карданд. Технологияи обсарфакунандае, ки дар чаҳорчӯбаи Лоиҳа аз тарафи ТҶ “Нексигол Мушовир” муаррифӣ карда шуд, хароҷоти деҳқононро то 20% сабук кардааст.

3

“Ҳамкорӣ бо ин ташкилотро барои ҳамаи ашхосе, ки нияти заминдорӣ доранд, тавсия медиҳам” – мегӯяд Абдусамад Абдувоҳидов.  —  Маслиҳатҳои беҷою беҳуда надорад. Шуморо ҳушёр мекунад. Дар аввал ба назар хандаовар метобад, баъд пушаймон мешавӣ, ки чаро даҳ сол пеш бо онҳо во нахӯрдаӣ.  Бо кадом роҳ кор мекунӣ? Оё фоида мегирӣ аз ин корат ё зарар, медонӣ? Мутахассисони ТҶ “Нексигол Мушовир” ҳамаи инро меомӯзонанд. Ҳоло ҳатто розӣ ҳастам, ки аксар чизҳоро аз кисаи худам маблағ сарф карда, ҷорӣ кунам” – илова кард деҳқони таҷрибадор.

Баланд шудани ҳосилнокӣ ва дастрасӣ ба сарфаи об дар ҳар як маҳал натиҷаи хуб на танҳо барои “Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ”, балки барои тамоми кишвар аст. ТҶ “Нексигол Мушовир” ҳамаи чорабиниҳояшро пайваста дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомотҳои маҳаллию давлатӣ ва шӯъбаҳои суғдии Вазорати кишоварзӣ идома дода истодааст. Ҳамакнун 29 қитъаҳои намоишие, ки аз тарафи Лоиҳа ташкил шуда буданд, барои кишоварзон вогузор шудааст. Деҳқонон ҳамеша метавонанд аз технологияҳои обсарфакунанда ва ё усулҳои чен кардани об бо ёрии асбобҳои обченкунӣ аз тренерони ташкилот маслиҳат гиранд. Устуворнокии Лоиҳа бошад дар се ноҳия ва 29 АИО омода кардани мутахассисон ва кадрҳои маҳаллӣ, миробҳову гидротехникҳо ва тренерони махсус мебошад, ки ҳамарӯза омодаанд дар минтақаи худ ба кишоварзонашон хизмат кунанд.

Маълумоти умумӣ:

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар самти обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 миллиард сомонӣ оғоз кардааст, ки 50 фоизи онҳо то имрӯз амалӣ гардидаанд. Дар самти кишоварзӣ ва обёрии замин 35 лоиҳа ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Хосият Комилова